Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЧЕҲРАИ ПОКИ ВАТАН



Бӯсам ҳама умр чеҳраи поки Ватан,
Болам зи вафои халқи бебоки Ватан.
Бо меҳри диёр қаҳрамонӣ бикунам,
Бар дидаи ман сурма шавад хоки Ватан.

Чашмони ман аз рӯи Ватан равшан бод,
Бар пайкари ман ишқи Ватан ҷавшан бод.
Дар ҳифзи ҳаёти модарон ҷон бахшам,
Фатҳу зафари мо шарафи гулшан бод.

Доим ба хаёли рӯи ҷонон ҳастам,
Сарбаста ба ёди вай ғазалхон ҳастам.
Бинвоз навои васли ӯ, тори рубоб,
Бо шавқи вай имрӯз ба майдон ҳастам.

Бӯсам ҳама умр аз рухи поки Ватан,
Болам зи вафои халқи бебоки Ватан.
Бо меҳри диёр қаҳрамонӣ бикунам,
Бар дидаи ман сурма шавад хоки Ватан.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »