Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ИЛҲОМИ МАРО НАДУЗД, ЭЙ АБР!



Дорам ба само назора аз шавқ,
Ҳай-ҳай, чӣ ситоразор имшаб!
Чашмак бизанам ба ҳар як аз завқ –
Аз завқи висоли ёр имшаб!

Дорам ба само назора бо меҳр
Аз қуллаи бениёзи ишқам.
Бикшоданиям гиреҳи ҳар сеҳр,
Аввал бикушода рози ишқам...

Дорам ба само назора, оре,
Ҳар кавкаби он калиди розест.
Бигрифтани як ситора, оре,
Бар ошиқи пок имтиёзест!

Боз ин чӣ аҷоибот бошад?..
Дар манзили худ намо даме сабр!
То дар дили ман ҳаёт бошад, –
Илҳоми маро надузд, эй абр!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »