Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЭЙ БАРГИ САБЗИ ЗИНДАГӢ



Дар тундии мизоҷи ту эҳсос дидаам,
Дар хандаҳои поки ту ихлос дидаам.
Субҳи саодати дилам покиза субҳ бод,
К-онро барои рӯзи нав алмос дидаам.

Андешаҳову фикрҳо парвоз мекунанд,
Дар назди ақрабои худ сад ноз мекунанд.
Нозу итоби ҳамдилу ҳамрозҳои ман
Аз будану набуданам сад роз мекунанд.

Розе набуд дар дилам, дар сар хаёл буд,
Бар сабзаҳои дашту кӯҳ ишқам ҳалол буд.
Аммо таронае ба гӯш омад зи рӯди кӯҳ,
К-"ин нағмаҳои ҷони ман баҳри висол буд!"

Эй барги сабзи зиндагӣ, аз обшор бол,
Баҳри садои шаршара аз кӯҳсор бол!
Болиданат барои ман оинадор гашт,
Оинадор гаштаву оинадор бол!

Эй барги сабзи зиндагӣ, ҳаргиз хазон машав,
Боғу баҳор медиҳад баҳрат ғизои нав!
Дар хонаи рафоқату дар хони дӯстӣ
Нури туро гирифтааст илҳом дар гарав!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »