Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ХОТИМА


Рафиқи мактабии хуб
Агар азиз донадат,
Ба рӯзи сахти зиндагӣ
Ба зиқ шудан намонадат.
Рафиқи мактабии хуб
Зи хешу ақработ нағз.
Рафиқ ҳасту дар ҷаҳон
Баҳор хуш, ҳаёт нағз.
Шамоли кӯҳсор не,
Рафиқ дастгир шуд.
Дили Шарофати ҷавон
Шукуфта беназир шуд.
Шарофат аз тамоми дил
Ба шавқу шодии калон,
Ҳазор шукр мекунад
Зи дӯстони меҳрубон.
Зи ёрии рафиқҳо,
Зи эътибори духтурон,
Ба мактаби азизи худ
Бишуд ба пои худ равон.
Тамоми дардҳо гузашт,
Баҳор дар канори ӯст.
Зиҳӣ, рафоқату ҳаёт,
Шараф ба боғбони туст!

Солҳои 1960-1961 Душанбе – Москва.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА