Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ШАРОФАТ ДАР ШАҲР



Дар палатаи ҳаштӯм
Ду тиреза, як дар буд.
Бо Шарофат дар он ҷо
Ҳамагӣ се духтар буд.
Он ду дар сари поянд,
Ҳар сӯ рафта меоянд.
Гоҳ-гоҳе дар хона
Як Шарофат мемонад.
Зиқ шудаст ӯ, деҳашро
Беҳ аз ин ҷо медонад.
Як шабонарӯз, охир,
Мӯҳлати зиёде нест.
Зиқ шудаст ӯ, дар ин ҷо
Муроду Адлия нест.
Кай ӯ ба по мехезад,
То ба деҳаш баргардад.
Кай шавад ин, ки аз ӯ
Дур ин дарди сар гардад?
Охирин ашки модар
Пеши чашмаш метобад.
Болу пар ҳамеҷӯяд,
Болу пар намеёбад.
Буд инчунин дурӣ
Дур аз хаёли вай.
"Модари ман танҳо монд,
Оҳ, чун шуд ҳоли вай?
Ёд кардам, модарҷон!"
Гуфтаву гирён шуд ӯ.
Бар сари вай ҳозир шуд
Мӯсафеде хандонрӯ.
Аз паси вай истода
Шаш нафар хилъатпӯше.
Дар палата якбора
Шуд тамоман хомӯшӣ.
Мӯсафеди хандонрӯ
Рӯи курсие биншаст.
Аз яки хилъатпӯшон
Дафтаре гирифт бар даст.
Як варақ заду гардонд,
Бар Шарофат рӯ овард:
– Кай ба ту дучор омад,
Духтарам, чунин як дард?
– Мешавад ду моҳи пур.
– Дида буд ягон духтур?
– Пеш аз омадан, маро
Хонда буд як домулло…
Мӯсафеди нуронӣ
Аз ин гап табассум кард.
Ҷониби хилъатпӯшон
Бо русӣ такаллум кард.
Дар ҷавобаш як духтур
Гуфт:
– Рафиқ профессор,
Ба мулло ихлос доранд
Баъзе мардуми кӯҳсор.
– Баъзе не, онҳо мӯланд,
То ба ҳоло ҳам гӯланд…
Модари ин духтар ҳам
Аз чунин касон будаст.
Ҳай, ба ҷони фарзандаш
Ҷабри беҳад бинмудаст.
Мӯсафед Шарофатро
Бо диққати комил дид.
– Сафед саллаи муллост,
Мо дар либоси сафед!
Зиқ нашав асло, ҷонам,
Мешавӣ сиҳат, бардам.
Бе дуои домулло
Табобат мекунем мо.
Пас ба ҳамроҳони худ
Рӯ биёварду фармуд:
– Доим бошед бохабар,
Зиқ намонад ин духтар.
Намоед инро даво
Бо беҳтарин доруҳо.
Аз духтури мӯсафед
Пас Шарофатҷон пурсид:
– Бобо, чанд рӯзи дигар
Мехобам ман дар бистар?
Мехоҳам, ки баргардам
Зудтар ба назди модар.
Дар ҷавоб профессор
Гуфто:
– Чун сиҳат шавӣ,
Албатта, шоду хуррам
Назди модарат равӣ!..
Мӯсафеду духтурҳо
Аз он ҷо баромаданд.
Рафтанду Шарофат ҳам
Шуд бо хаёли худ банд:
"Бо суф-куфи мулло кас
Мешавад сиҳат оё?
Меҳрубону ғамхоранд
Ин қадар ин духтурҳо!..
Вақте ба по мехезам,
Меравам назди модар.
Кӯҳу дарёи деҳро
Бигзарам ман аз як сар.
Резасангашро бӯсам,
Ҳар гиёҳашро бӯям.
Ба муаллим, дӯстонам,
Сад ташаккур мегӯям.
Меравам ман аз ин сӯ
Наздаки модарҷонам.
Аз дигар сӯ он соат,
Кош, ояд падарҷонам!"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »