Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шарофат -

ТАМОМИ ДЕҲА НУР БУД



На вақти барфу жола буд,
Ба кӯҳу дашт лола буд.
Нишонаи баҳор буд,
Базеб ҳар канор буд.
Тамоми деҳа нур буд,
Ба ҷону дил ҳузур буд…
Вале Шарофати ҷавон
Ба деҳа нест ин замон.
Зи чашми модараш ҳаме
Равона ашк кам-каме:
Расо ду сол мешавад
Ба ҳабс шавҳараш бувад.
Шарофати азизи вай
Касал шуду зи пой монд.
Ду ғам дуаспа омаду
Қарору сабр аз ӯ биронд.
Дугонаҳои духтараш
Ба сайри лола мераванд.
Ба пушти гӯш гул зада,
Зиёда шод мешаванд.
"Худои меҳрубон чаро
Ба мо надорад илтифот?
Ба ҳабсхона шавҳарам,
Чаро намедиҳад наҷот?
Намерасад ба гӯши ӯ
Дуою оҳи сарди ман?
Гирифт пои духтарам,
Ки ду намуд дарди ман…"
Ба ин хаёл модари
Шарофати азиз буд.
Ҳамеша оташи ғамаш
Аланга дошт, тез буд.
Барои зан, ки модар аст,
Азоб ду баробар аст.
Зи модарон ҳабибтар
Касе надидаам ҳанӯз.
Зи сар хаёли кӯдакон
На шаб бимонаду на рӯз
Ҳамеша ҷони тифли худ
Ба ҷони хеш мехаранд.
Ҷудо шаванд агар даме,
Ҳазор ҷома медаранд…
Зи дар даромад Адлия,
Мурод аз қафои он.
Ба кори модар андаке
Шаванд то мададрасон.
– Салом, холаҷони мо,
Барои ёрӣ омадем.
– Хуш омадед!
Кӣ роҳӣ кард?
– Худ ихтиёрӣ омадем!
– Ғубори роҳатон шавам,
Азизакони ман шумо!
Сад офарин, сад офарин,
Ниҳолакони босафо.
Ду чашми олуи шумо
Ду чашми духтарам барин.
Зи деҳа дур ин замон,
Ман аз ғамаш басе ҳазин.
– Ба шаҳр духтурони нағз
Нигоҳбонияш кунанд.
Давои дард кардаву
Мададрасонияш кунанд.
– Фалаҷ ки буд ду пои вай,
Агар буранд…
– Не. Чаро?
Ба дору рӯҳ медамад
Шарофати азизро.
Мурод бо виқор гуфт:
– Муло чӣ хонд, холаҷон?
Ду моҳ рафт беҳуда,
Гуноҳатон бувад калон.
Дар ин замона духтурон
Ба дардманд меҳрубон.
– Муло ду-се карат агар
Биёяд, ӯ шавад сиҳат.
Кунун ба шаҳри дур ӯст,
Ғамам зиёд аз ин ҷиҳат.
Намуд Адлия нигоҳ
Ба ҳайрате сӯи Мурод.
Вале Мурод он қадар
Ба ин гап аҳмият надод.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »