Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил -

ХОТИМА



Мебаромад аз паси кӯҳ офтоб,
Нур мепошид бар дашту дара.
Нур мепошид дар болои роҳ –
Роҳи байни деҳаи хушманзара.

Гар шумо гардед ии ҷо меҳмон,
Деҳаро бинед дар ҳар як қадам.
Дар сари раҳ сохтмони Анвар аст,
Дар сари раҳ киштзори Лола ҳам.

Кори худро карда дар ин ҷо тамом,
Мумкин аст, Анвар равад ҷои дигар.
Чунки ин шарт аст – шарти касби ӯ,
Офарад то деҳи зебои дигар…

Лек бо ҳар роҳ бошад, фикри ӯ
Мекунад парзоз сӯи ин деҳа.
Меҳри ёрашро, ки дар дил ҷо намуд,
Ҷо намуд, бо рангу бӯи ин деҳа.

Деҳи мо он деҳаи дерина не,
Мардумони он ҳам акнун дигаранд.
Аҳмад акнун – Аҳмади порина не,
Аҳмад акнун соҳиби номи баланд.

Роҳи хурди маркази қишлоқи мо
Пурзиё аз нури кишту сохтмон.
Хуш замон! Ин роҳи хурди деҳи мо
Мешавад пайванд бо роҳи калон!

Сӯи мақсад қаҳрамононам даме
Роҳӣ гардиданд бо ишқу умед,
Орзу дорам ба хатми достон,
Дар ҳаёту корашон роҳи сафед!
1953-1956











346


347






« Бозгашт | МУНДАРИҶА