Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Д О С Т О Н Ҳ О

ДАРВОЗАИ КОИНОТ ШУД БОЗ!



Дӯстон,
Аз лутфатон
Бисёр хурсандем мо,
Мо ҳама –
Фарзандҳои хонадони одамӣ!
Ихтиёру
Иқтидори
Мулки дилбандем мо,
Ҳарф мегӯем,
Аз ҷон,
Бо забони одамӣ.

Чашмасоронем,
Шаффофем,
Дар ҷӯшем мо,
Кӯҳсорему
Бақодорем дар роҳи ҳаёт!
Давлат ин асту
Макон ин, –
Шавқоғӯшем мо,
Мардуми мо
Роҳ бикшодаст
Сӯи коинот!

Моҳи апрел, –
Моҳи нек асту
Дили поки баҳор,
Дар баҳорон –
Ҳар дили хушнуд дарё мешавад.
Ин арӯси сол –
Хушиқбол –
Соҳибихтиёр,
Кас намедонист
Рӯзе меҳри дунё мешавад!..

Моҳи апрел!
Одамони поксимо,
Покдил,
Дӯст медоранд аз ҷон,
Берун аз андозае...
Моҳи апрел аст –
Моҳи беғуруру
Мустақил,
Дар ҳаёти коргар
Дорад зиёд овозае.

Дар ҳамин моҳи наҷибу
Дар ҳамин моҳи баҳор,
Одаме омад ба дунё, –
Дар ҳаёти одамон –
Гашт ҳам бахту саодат,
Гашт зӯру иқтидор,
Шуд ливои инқилобу
Шуд суруди ҷовидон!

Ҷисм –
Ин хок асту
Рӯҳи одамӣ –
Ақлу тамиз,
Ақл агар дар
сар набошад –
Сар кадуи холиест.
Моҳи апрел –
Ибтидои
Шӯҳрати мулки азиз,
Ибтидои
Интиҳои
Ҳар "ҷаноби олиест"!

Ман баҳори
Беғубори
Гулбасарро ошиқам,
Ошиқам бар зиндагию
Офтоби рӯзгор.
Ман суруданҳои мурғони саҳарро ошиқам,
Ошиқам,
Бар сабзаву
Оби равони ҷӯйбор.

Об –
Чун об аст,
Аммо ҷӯйҳо ҳархелаанд.
Дӯст медорам мироберо,
Ки мир-об аст он.
Обро овард бар мо
Аз сари кӯҳи баланд,
Ҷӯйҳоро тоза карду
Об омад нуқрасон!
***
Моҳи апрел!
Эй ту, оғози суруди нусратам,
Нусрати халқи азизам,
Комёбии баҳор!
Ман намегӯям хушомад,
Нест ин дар одатам,
Ту басо моҳи муқаддас,
Ин ба олам ошкор!
Бо гулу
Бо навдаҳои бед шуғле доштӣ,
Гиря мекардӣ
Ба ҳоли одамони камбағал.
Соли ҳафтодуми
Асри пеш сар бардоштӣ,
Дидӣ, ки
Омад туро
Як кӯдаке андар бағал.
Кӯдаке омад,
Ҳаёту зиндагиро дарк кард.
Вай барои ҳифзи одам
Пой бар олам ниҳод.
Андаке қувват гирифту
Хобу хурро тарк кард,
Аз сари нав
Сафҳаи таърихи оламро кушод!
***
Буд он кӯдак
На кӯдак,
Вай даҳои бахт буд,
Вай ҳаёти некро овард
Бар ҳар хонадон!
Дар гузашта,
Пеш аз он –
Зиндагонӣ сахт буд,
Он даҳои бахт овард
Ин ҳаёти ҷовидон.
Номи Ленин дар забону
Меҳри Ленин дар дил аст,
Буд азмаш,
Буд меҳраш,
Ки ҳаёт оғоз ёфт.
Бар бузургиаш на як моем,
Душман қоил аст.
Нақшаи ӯ буду
Раҳ бар коинот оғоз ёфт!
***
Моҳи апрел!
Эй дили поки баҳор,
Оғози ишқ,
Чашми хоболуда,
Рӯҳи хуфтаро бедор кун!
Шодии дил,
Ҷӯши оби чашмасор,
Эй рози ишқ,
Тоқиро якшоха мону
Ҷомро саршор кун!

Аз тамоми моҳҳои сол
Афзал дар ту аст,
Васли Зӯҳро ҳам муяссар гашт
Дар оғӯши ту.
Медиҳад бар душманон
Ҳар як ҳавои ту шикаст,
Хандаи Маҳ,
Савти Зӯҳра
Мерасад бар гӯши ту!
***
Ҳамсафарҳои замин, –
Ақлу тамизи олимон,
Аз дили поки диёри мо
Ба парвоз омаданд.
Бар самоиҳо намуда танг
Қалби осмон,
Аз заковатмандни инсони мо
Соз омаданд.

Шарbrқ,
Оре, "Шарқ" –
Он туф кард бар рухсори Ғарб,
Бо Гагарини шуҷоатманд
Роҳи нав кушод.
Ҳофизи тоҷик
Бо авҷи суруди "Чорзарб"
Аз дили хурсанди худ
Бар гӯши олам
Мужда дод!
***
Моҳи апрел,
Ин дили поки баҳор,
Оғози ишқ,
Чашми хоболуда,
Рӯҳи хуфтаро бедор кард.
Шодии дил,
Ҷӯши оби чашмасор,
Овози ишқ
Тоқиро якшоха монду
Ҷомро саршор кард.

Зӯҳраи осмон
Ба шавқ омад –
Чунон ки дар замин
Зӯҳраи тоҷик мерақсид
Дар савти зафар.
Мӯъҷизоти асру даврон –
Мӯъҷизоти беҳтарин!
Дӯст меболиду
Душман
Мурда буд аз ин хабар...

Душмани роҳи ҳақиқат,
Душмани бахти башар,
Душмани айёми нав –
Маккора асту ҳилабоф.
Лек, ҳатто вай
Ба чашми "кӯрашу"
Бо гӯши "кар"
Кард зӯри халқи моро
Ноилоҷан эътироф!
***
Шарқ!
Оре, Шарқ,
Аз он офтоб ояд бадар,
Дар дили садҳо ҳазорон
Ҷой дорад нури он.
Мешавад бадхоҳи истиқболи мо
Зеру забар,
Устувор асту
Таҳамтан
Маскави мо дар ҷаҳон!

Шарқ,
Оре, Шарқ!
Баъди "Шарқ-як"
"Шарқ-ду" осон баромад бар мадор.
Навҷавони бозаковат,
Нуктадон,
Герман Титов
Менамуд онро идора,
Бо дили пуриқтидор.
Боз ин як зинаи нав,
Зина бар иқдоми нав,
Мардуми мо
Бо зафарҳои нав истиқбол кард.
Шуд ба дунё паҳн,
Ҳамчун барқ,
Ин пайғоми нав,
Ин хабар
Ҳар тоҷики дилдодаро хушҳол кард!

Тоҷики дилдодаи мо –
Коргар!
Ҳам пахтакор!
Дар замираш –
Шавқу шодӣ
Берун аз андоза аст.
Вай ба меҳнат ғолиб асту
Дар шуҷоат номдор,
Ҳосили кораш
Ба ҳар ҷое баландовоза аст!

***
Ленини аъзам –
Даҳои ақлу идроки замон,
Бар чуваш хат ёд доду
Бар чуваш иқбол дод.
Халқи хурди пастмонда,
Халқи хурди нотавон,
Аҳли оламро
Дар ин айём
Дар ҳайрат ниҳод!
Николаев,
Николаев,
Зодаи ин халқи хурд,
Пайрави Юрий Гагарин,
Пайрави Герман Титов,
Шӯҳрати ин халқро
То Зӯҳраву Миррих бурд,
Дар бузургӣ –
Қалби ӯ
Бошад бузург аз офтоб!

Аз атои Партия,
Аз лутфу меҳри Партия,
Инчунин бахти бузургеро ба каф овардааст.
Номи ӯ, дар ҳар суруди халқҳои ин диёр
Ҷой дорад,
Чунки номашро сурудӣ кардааст!

Ленини аъзам –
Даҳои ақлу идроки замон,
Бар чуваш хат ёд доду
Бар чуваш иқбол дод.
Халқи хурди пастмонда,
Халқи хурди нотавон,
Аҳли оламро
Дар ин айём
Дар ҳайрат ниҳод!
***
Моҳи апрел!
Эй дили поки баҳор,
Оғози ишқ!
Чашми хоболуда,
Рӯҳи хуфтаро бедор кун!
Шодии дил,
Ҷӯши оби чашмасор,
Эй рози ишқ,
Тоқиро якшоха мону
Ҷомро саршор кун!
Украина,
Зодгоҳи Кобзари оламшумул,
Бар сари ту
Он қадар ҳам зулму
Истибдод буд.
Қисмати ту
Буд андар панҷаи якчанд ғӯл,
Халқи ту ношод буду
Кораш оҳу дод буд!

Қатраву мавҷи Днепр –
Он Днепри орзу,
Аз шуои Октябр
Иқтидори нав гирифт.
Орзуи Кобзари мо –
Кобзари дилбанди ту
Дар амал иҷро шуду
Бар рӯи ту партав гирифт.
Украина!
Зодгоҳи номдорони зиёд,
Пур намудӣ сафҳаи таърихро бо номи нек.
Табъи моёнро
Ҷигарбандат –
Попович кард шод,
Аз фалак бар ту фиристонид ӯ пайғоми нек!

Офарин
Бар қудрату
Бар зӯри ту, Модар-Ватан,
Шермардони далеру гурд парво кардаӣ!
Ман ба тавсифи ту меҷӯям
Мувофиқ як сухан,
Моҳро,
Хуршедро
Бар ҳукми худ овардаӣ!
***
Ин суруди ман –
Суруд асту
Суруди коинот.
Тоҷикам ман,
Тоҷикистонам –
Диёри бехазон.
Бехазонӣ ёфт дар ин давраву
Бо ин ҳаёт
Водии Вахшу Ҳисорам,
Нораки бас комрон!
Ленинободи азизам,
Пахтакори боҳунар,
Пухтакорони диловар
Ҳаст фарзандони ту.
Хоҳишат анҷом меёбад
Ба фатҳу бо зафар,
Ин ҳаёту зиндагонӣ
Ҳаст аз паймони ту!

Духтаронат –
Духтарони дилбару ошиқнавоз,
Ишқ неку
Ишқ поку
Ишқи бахту орзу!
***
Роҳ дар пеш аст –
Роҳи ҳиммати дуру дароз,
Мешавад имрӯз ҷонам
Нақши қолинҳои ту!
Гар Быковский –
Валерии азизи некном,
Бештар дар олами уммеди мо парвоз кард,
Лек баҳри духтарони
Хушҷамолу шодком
Валяи мо роҳи бахту
Зиндагӣ оғоз кард.
Валя, Валя!
Духтари оддии ин даврони нав
Ту – суруди орзуи
Ҳар зани ин сарзамин.
Азми ту – азм аст,
Азми духтарони пешрав,
Духтарони бовафои
Ин диёри нозанин!

Орзу дорам:
Набинӣ ҳеҷ гоҳе дарду доғ,
Қаҳрамонӣ,
Қаҳрамондӯшизаҳои некном.
Фасли наврӯз аст,
Аз ҳар киштзору кӯчабоғ
Мерасад бар номи ту
Садҳо дуруду эҳтиром!
***
Моҳи апрел!
Эй дили поки баҳор,
Оғози ишқ,
Чашми хоболуда,
Рӯҳи хуфтаро бедор кун!
Шодии дил,
Ҷӯши оби чашмасор,
Овози ишқ,
Тоқиро якшоха мону
Ҷомро саршор кун!
Номи Ленин дар забону
Меҳри Ленин дар дил аст.
Буд азмаш,
Буд меҳраш,
Ки ҳаёт оғоз ёфт.
Бар бузургиаш на як моем, –
Душман қоил аст.
Нақшаи ӯ буду
Раҳ бар коинот оғоз ёфт!
Моҳи апрели 1964, ш. Душанбе





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »