Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

МАН СОЛДАТИ ҚАТОРӢ



Ман солдати қатории як давлати азим,
Давлат аз они ман буваду ман аз они вай.
Меҳраш ба ҷону пайкарам сокин бишуд муқим,
Зеро ки гашта ҷони ман пайванди ҷони вай.

Ҳар гоҳ тири ғуссае манро ҳадаф кунад –
Ин давлати азим гардад баҳри ман сипар.
Ҳар гоҳ даъват он маро бар сӯи саф кунад,
Бо сар битозаму кунам дар арсаҳо зафар.

Дар сатрҳои суфтаву носуфта, дӯстон,
Хуни дил асту ин ҳама бо меҳри манзил аст.
Имрӯз дашту воҳаҳо гардида бӯстон,
К-аз зӯри бозуҳои мову қуввати дил аст.

Дар мактаби ҳаёт, ки хонандаем мо,
Гаштаст қадри одамӣ аз баҳри мо зиёд.
Аз розҳои ноаён донандаем мо,
Ин давлати азим зӯру иқтидор дод.

Ман солдати қатории як давлати азим,
Давлат аз они ман буваду ман аз они вай.
Меҳраш ба ҷону пайкарам сокин бишуд муқим,
Зеро ки гашта ҷони ман пайванди ҷони вай!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »