Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ИНТИҲОИ ИШҚ НАБВАД ДАР ҶАҲОН



Номаи табрикро хонед, дӯст, –
Номаи ҷону дили ёронатон.
Номае аз дил фиристонед, дӯст,
Ҷониби пайванду дилдоронатон!

Сарбаландиву муборак рӯзгор
Мағз андар мағзи мо бигрифта ҷо.
Ростӣ ҳам, мерасад бӯи баҳор
Аз қудуми дӯстони бовафо.

Соли нав дар хонаи мо, кӯи мост,
Одамонро нек дидан орзӯст.
Нек дидан беҳтар аз ҳар муддаост,
Номаи табрикро хонед, дӯст!

Мо парастидем ишқи покро,
Ки накӯияш ба ҷон пайваста шуд.
Соли нав, –
Ояндаи бебокро
Даври нав ин гуна пуршӯҳрат намуд.

Ман ба номи мардуми некӯниҳод
Низ чандин нома бифристодаам.
Соли нав,
Соли накӯ,
Соли мурод,
Дар талоши некиҳо истодаам!

Соли Ҳафтодуми хушпай,
Марҳабо
Бар дили мо,
Бар дили ёрони мо!
Соли Ҳафтодуми хушпай
Марҳабо
Дар суруди аҳди мо, –
Паймони мо!

Номаи табрик меояд ба кас
Аз ҳама ёру рафиқон –
Ин накӯст!
Илтимоси дил, ки: Бо шавқу ҳавас
Номаи табрикро хонед, дӯст!

Мерасанд он номаҳо дар ҳар забон,
Ҳар яке хоҳони истиқболи нав...
Интиҳои ишқ набвад дар ҷаҳон,
Ибтидои ишқ ҳаст аз соли нав!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »