Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ҲАСАД МЕБАРАМ...



Ҳасад мебарам ман ба мурғони беша,
Ҳасад мебарам ман ба дарёи кӯҳӣ.
Ба дил чаҳ-чаҳу мавҷашон ронда реша,
Ба тан медиҳад нашъаи тоза, рӯҳе.

Ҳасад мебарам бар насими саҳаргоҳ,
Ки аз ҳар гуле бӯсае меситонад.
Пас аз он зи ҳар кӯчабоғеву даргоҳ
Қадам монда, бӯи хуше мерасонад.

Ҳасад мебарам ман ба ҳар як ситора,
Ки шаб ошиқон сӯяшон чашм дӯзанд.
Раҳи ҳар киро, ки пиёда, савора
Шабонгаҳ сафар мекунад – мефурӯзанд.

Ҳасад мебарам бар шамоли биёбон,
Ки мерӯбад аз роҳи худ хору хасро.
Ба банде гирифтан варо нест осон,
Ба як ҳамлааш бишканад сад қафасро.

Ба чашми уқобон ҳасад мебарам ман,
Ки берун зи андозае тезбинанд.
Ба парвози онон ҳасад мебарам ман,
Ки бар қуллаҳои баланде нишинанд...

Вале дар ҳаётам, ба ҷони ту савганд,
Ҳасад бурда бошам ба ёру рафиқон!..
Ба дарёи кӯҳӣ ҳасад мебарам ман,
Ҳасад мебарам бар шамоли биёбон!
Ноябри с. 1961, ш. Москва






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »