БОЗ ЯК САФҲАИ НАВ!
Боз як саҳфаи нав – сафҳаи таърихи замон,
Дӯстон, баҳри рақамҳои нав оғоз бишуд.
Дасти пуробилаи меҳнатии коргарон
Қалами фатҳ бар он сафҳаи нав соз намуд!
Менависад на ба ранге, на ба рӯи коғаз,
Ҳарфи он баски зи хишт асту зи чӯбу тахта.
Ҳарфи он – чӯяну пӯлод, бинои қадрас,
Ҳарфи он – фабрикаи шоҳӣ, заводи пахта.
Дар ҳамон сафҳа яке ҳарф замини навбар,
Ҳарфи дигар бувад ин Нораки пуршӯҳрати мо!
Киштиҳое, ки ба Зӯҳро бинамояд раҳ сар,
Дар ҳамин сафҳа бувад ҳарфи нав аз қудрати мо!
Дӯстон, ҳамватанон, соли нав омад ба Ватан,
Номатон сархати ҳар боби нави фатҳ шавад.
Хасми иқболи башар, лоф назан! Лоф назан,
Ки вуҷуди ту зи ҳастии ҷаҳон дур равад...
Соли нав – сафҳаи нав, сафҳаи таърихи замон,
Дӯстон, баҳри рақамҳои нав оғоз бишуд.
Дасти эҷодгари зиндагии олишон
Қалами фатҳ бар ин сафҳаи нав соз намуд!