Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

БА ТАШБЕҲАТ АЗ КӮҲ ГУЛ ЧИДА БУДАМ



Худат хондаӣ, ман ба ҳар як сурудам
Туро бо дилу ҷон баробар намудам.
Ба ташбеҳи ту аз само моҳ кандам,
Ба ташбеҳат аз кӯҳ гул чида будам.

Ду чашми ту – чашмони оҳу, бигуфтам,
Лабатро на лаб – лаъли дилҷӯ, бигуфтам.
Хиромат – хиромидани кабки масте,
Висолат зи ҳар ганҷ некӯ, бигуфтам.

Ба ҳар ҷой гул дар баҳорон барояд,
Вай аз чашмаву оби борон барояд.
Ба ташбеҳи рӯят агар моҳ гуфтам –
Маҳ аз қуллаи кӯҳсорон барояд.

Ба кабку ба оҳу макон – кӯҳсорон,
Ба ганҷу ба лаъл аст кон – кӯҳсорон.
Ман аз кӯҳсорам, азиз аст, ҳатто
Ба ман резаи санги он кӯҳсорон.

Ба ҳар ташбеҳи ман чаро номи кӯҳ аст? –
Ҳама чиз он ҷо ғизобахши рӯҳ аст.
Ту аз шаҳр, оре, вале дон, ки ин шаҳр
Зи дороии кӯҳҳо пуршукӯҳ аст!

Агар, рафту, рӯзе ба ишқам ҷавобан,
Ту хоҳӣ ягон ҳарфи дилҷӯй гуфтан,
Сифат кун ту дар як ҳиҷо кӯҳҳоро,
Ки аз он ҳиҷо шод гардад дили ман.

Азизам, чунин аз ту хоҳиш намудам,
Набар аз хаёлат, туро ман сурудам.
Ба ташбеҳи ту аз само моҳ кандам,
Ба ташбеҳат аз кӯҳ гул чида будам...




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »