Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДИЛНАВОЗАМ, НАМОЙ ИСТИҚБОЛ!



Номаатро гирифтам, эй ҷонам, –
Сарфарозам ба назди ёронам.
Гуфтаӣ, ки: "Биё ба назди ман,
Як-ду рӯзе бишав ту меҳмонам!"

Саҳар омад, ки ман сафар кардам.
Чӣ шабе буд ин, – саҳар кардам?!
Бо раҳи офтоб ҷониби ту
Аз дили осмон гузар кардам.

Ба ту будам басе парешонҳол,
Дар ҳавоят кушода шуд пару бол.
Омадам, омадам ба ёди ту,
Дилнавозам, намой истиқбол!
1956






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »