Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДУШАНБЕ

Ба Борис Никитович


Як рафиқи украинам, ҷӯраи дерини ман,
"Рӯзи душанбе, бародар, рӯзи вазнин аст" гуфт.
Ман ба ҳайрат мондаму ӯ дод шарҳи ин сухан,
"Дар миёни мардумон ин расми дерин аст" гуфт.

Ҳафт рӯзе ҳафтарову номи як рӯзаш туӣ,
Шод мегардам дар ин як рӯз ман бо ёди ту.
Боиси парвози фикру дар дилам оташ туӣ, –
Зинати боғу баҳори шаҳри нав – ободӣ ту.

Мавҷи ту бо хандаи пуравҷи тоҷикдухтарон,
Мерасад бар гӯши ман аз дур, форам мерасад.
Бо насиме, ки бувад аз рӯи амвоҷат вазон,
Бӯи поки ҳар гиёҳи кӯҳсорам мерасад.

Рӯзи душанбе, рафиқи украинам, ҳеҷ гоҳ
Бар мани тоҷик нанмудаст чун рӯзи гарон.
Рафту андӯҳе дар ин рӯзам барояд пеши роҳ,
Мешавам ҳатман ба ёди рӯди кӯҳӣ шодмон.

Гарчи монанди Днепр ӯ азиму зӯр нест,
Лек дар саҳрову кишту боғ ҳосиловар аст.
Мулки тоҷик бе ҳамин дарёчааш машҳур нест,
Ин Душанбе бар Днепру Волгаву Дон додар аст!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »