Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

СУРУДИ ДИЛКАШИ ДАРЁ -ТАРОНАИ САҲРО!




Баҳор,
Тозабаҳори муҳаббату уммед,
Суруди дилкаши дарё –
Таронаи саҳро.
Баҳор!
Дар ту ҳарорат –
Ҳарорати хуршед,
Таровати саҳар аз ту,
Сабоҳи меҳру вафо.

Ба торҳои дили ман
Биёву чанг андоз,
Ки аз замири вуҷудам ҳавои нав хезад.
Шавад ба кӯҳу даман
Савти тоза аксандоз,
Ки он ба шодии дилҳои пок омезад.

Баҳор,
Куртаи сабзат –
Диҳад ба чашмон нур,
Ту аз атои табиат
Либоси нав дорӣ.
Ту гулфурӯши ба ҳар давру
Ҳар замон машҳур,
Ҳама ба сӯи ту оянд бо харидорӣ!
Аё, ту – дилбари таннози куртасабзи ман,
Ҳамеша пуршараф астию
Покдомонӣ.
Ба мавҷи руду
Ба авҷи
Ниҳоли боғу чаман,
Ба гӯши мардуми кишвар
Таронаҳо хонӣ.

Шаби арӯсии худ
Духтарони гулрухсор,
Надидаӣ, ки саропо сафед мепӯшанд!
Гули сафед паси гӯш мезананд,
Ин кор
Рамузи роҳи сафеду
Ҳаёти пурҷӯшанд.
Арӯси сол туӣ,
Пираҳан ба дигар ранг,
Тамоми роҳ ба шодӣ
Барояд аз дили ту.
Баҳор,
Табъи хуши мутрибони хушоҳанг,
Дилам ба меҳри зиёде
Сарояд аз дили ту!
Даме ба қудрати инсон
Фалак итоат кард,
Даме фалак дари пӯлодинаш ба моҳ кушод,
Даме Гагарини пурзӯр –
Он диловармард,
Ба сӯи Зӯҳраву Миррих
Ба азм роҳ кушод,
Ба шавқу завқ
Тариқи дигар ту бишкуфтӣ,
Ҳазор савти наву
Нағмаи навин хондӣ,
Зи дафъаҳои дигар
Бештар ту бишкуфтӣ,
Ба пешвози Гагарин
Фузун гул афшондӣ!..
Баҳор,
Тозабаҳори муҳаббату уммед,
Ба торҳои дили ман
Биёву чанг андоз!
Ба нағмаҳои дили ман бихоҳ:
"Роҳи сафед!"
Ки он шавад ба дили мардумон танинандоз!
31 марти с. 1964





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »