Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ИДОНА



Хаёли ман ки имшаб дар сафар буд,
Надонистам, ки чун вақти саҳар шуд.
Гузаштам аз сари кӯҳи дили дашт,
Хаёлам ин қадарҳо роҳ паймуд!

Тамоми шаб сафар кардам, нахуфтам,
Ба ҳар ҷо мерасидам – мешукуфтам.

Диёрам, Тоҷикистонам, баҳорам,
Сафои ишқу нури рӯзгорам,
Шаҳоматнок ҳастӣ, мисли Помир,
Туро, авҷи туро ман дӯст дорам.

Ба рӯзи иди ту табрик гӯям,
Ту фахри миллати тоҷик гӯям.

Ҳама хоки ту сар то сар чаман шуд,
Сазовори замону ин Ватан шуд.
Шукӯҳат, резасанги кӯҳсорат
Сарахбори калому назми ман шуд.

Ба ту Партия доим зӯр бахшид,
Ба ҳар як хонадонат нур бахшид!

Ҳаёти бе туе ҳаргиз мабодам,
Туро дар синаи худ ҷой додам.
Агар дил рӯи коғаз мебаромад –
Диламро рӯи коғаз мениҳодам.

Касе норозӣ аз шеърам намемонд,
Худи дилро ба ҷои шеър мехонд!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »