Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Панҷ мулоқот -

МУЛОҚОТИ ЯКУМ

(Нор-урус)

"Солҳои ҷавонии ман буд,
Марди дар чашмҳо аён будам.
Солҳои ҷавонии ман буд,
Зӯр будам ва паҳлавон будам.

Амри ҳар мӯсафеди номиро,
Ки дар ин деҳа мӯҳтарам буданд,
Менамудам ҳамеша ман иҷро,
Кардам иҷро ҳар он чӣ фармуданд.

Падарам марди деҳқоне буд,
Обрӯе миёни мардум дошт.
Бехабар аз дигар ҷаҳоне буд,
Деҳамонро ҷаҳон ҳамепиндошт.

"Меҳмонхона" – буд дар деҳа
Ҷои баҳсу талошҳои зиёд.
Омаданд гаҳ аз дигар деҳа
Ноқилони ба кори худ устод.

Шартҳои баста дар миёнаи худ –
Ҳар яке азми бурданаш дошт.
Моҷароҳо дар ин хусус мешуд,
Ки ба ҳаллаш савол мебигзошт.

Падарам дар канор биншаста
Гӯш мекард ҳарфи ононро.
Фасли дай буду чашми дил баста
Мешунидем ҳарфи мардонро.

Мо – ҷавонон ба хизмат омода,
Чой кардан ба зиммаи мо буд.
Дастҳо пеши бар биистода,
Гӯшамон бар каломи онҳо буд.

Меҳмоне агар зи шаҳр ояд –
Тӯй мешуд ба меҳмонхона.
Агар он меҳмон бифармояд,
Халқ медод баҳри ӯ ҷон-а…

Боре аз шаҳр як ҷавон омад,
Қади болову чашми рахшон дошт.
Вай ба ин деҳ чу меҳмон омад,
Роз дар сина, аҳду паймон дошт.

Саллаи хурдакак ба гирди сар,
Ҷомаи беқасаб ба бар карда.
Марди соҳибсаводи дилпарвар –
Гӯӣ, нуре ба деҳа оварда…

Падарам буд марди илмпараст,
Гарчӣ ҳарфе худаш намедонист.
"Нор! – гуфт ӯ, – набинӣ шикаст,
Нур будан далели инсонист.

Хизмати хоҷаро намой, писар,
Пири деҳ ин талаб намуд аз ман.
Хонда мулло шавӣ, аҷаб хуштар,
Мекунӣ хонадони мо равшан!

Ту ба ин хоҷа дастёрӣ кун,
Ки туро то ба шаҳри худ бубарад.
Аз ҳикоёти ӯ шудам мафтун,
Шояд, илмаш туро ба ҷон гузарад."

Ман ба хизмат миёни худ бастам,
Хоҷа аз корубори ман шуд шод.
"Розӣ аз корҳои ту ҳастам" –
Гуфт боре барои ман устод.

Меҳмони зи шаҳр омадаро
Ман шудам дидбону хизматгор.
Аҳли деҳа зи ман шуданд ризо,
Офаринҳо шунидам ба номи Нор бисёр.

Хоҷа ҳамсол буда бо худи ман,
Ки суханҳош дар дили ман пухт.
Раҳбалад будамаш ба кӯҳу даман,
Ки саводи худаш ба ман омӯхт.

Падарам буд марди илмпараст,
Ки бароям дари мурод кушод.
Дили ман бо дили ҷаҳон пайваст,
Будам аз Хоҷа бениҳоят шод.

Деҳи мо баҳри Хоҷа маъқул шуд,
Ки дар он ҷо зиёдатар истод,
Кӯҳҳои баланду чашмаву рӯд
Табъи ӯро бурун зи ҳад бикшод…

Ҳарду рафтем як саҳар ба шикор,
Ҷелаҳо монда, худ паноҳ шудем.
Рӯ ба ман карда Хоҷа гуфто: –Нор,
Роҳи аҳду вафои дил созем.

Ошкоро ба ҳам сухан гӯем,
Сирри пинҳон мабод дар мобайн.
Роҳи некӯтарин фақат ҷӯем,
Нийяти бад занем дар қавсайн!

Ман бидидам, ки одами покӣ,
Шавқи донистани ҷаҳон дар туст.
Бесаводию соҳибидрокӣ,
Орзуҳои бекарон дар туст.

Хоҳишат бошад, эй бародари ҷон,
Ман бароят савод омӯзам!
Мадраса хатм кардаам, медон,
Шав ту шогирд дар вафо сӯзам.

Лек як шарти зӯр дорам ман:
Роз дар байнамон ниҳон монад.
Дӯст гардем мову ту – равшан,
Дарси ман аз ту дигаре хонад!

Норҷон, ҷӯраам, бародари ҷон,
Ростӣ ҳам туро писандидам.
Бош бо ман ҳаме баробари ҷон,
Марди исёнгари Самарқандам.

Лекин аз баҳри мардуми ин ҷой
"Пир" ҳастам, ба ном "Эшонам".
Ту "мурид"-ам, раҳи дилам паймой,
Бахт то аз нигоҳи ту хонам…

Рози олам зиёда сарпеч аст,
Дониши мову ту калид шавад.
Илм агар нест, – ин ҷаҳон ҳеҷ аст,
Орзу ҳам, бидон, ба бод равад.

То тавонӣ, намой андеша,
Вақт пайдо намуда, илм омӯз!
То биронад ниҳол ҳам реша,
Боғбон бишав, ба ҷонат сӯз!

Ҷелаҳо монда мо на аз дили соф,
Ки бар он кабкҳо фурӯ оянд.
Норҷон, худ бигӯй аз инсоф,
Хуб доме ба мо бифармоянд?..

Лолаеро газида бо дандон,
Хоҷа ғарқи хаёл шуд ногоҳ.
Тарс омад маро, ки ин меҳмон
Розе аз ман намудааст паноҳ.

Лек шарте гузошт назди ман,
Ки нагӯям ба ҳеҷ кас боре.
"Пир"-и ман, "хоҷа"-и дилаш равшан
Мекунад бар "мурид" ғамхорӣ…

Шом шуд, мо ба деҳа баргаштем,
Чанд кабке чу тӯҳфаи мо буд.
Зоти кӯҳем ё ки даштем,
Синаи мо пур аз таманно буд.

Меҳмонхона, – ин барори шикор
Ҳамаро шод карду мафтун кард.
Хоҷаам менишаст бас ҳамвор,
Лек дар чашми вай бидидам дард.

Сарвари деҳа қиссае пардохт,
Ки ҳама ҳозирон хамӯш шуданд.
Хоҷаам дар дутор хуш бинвохт,
Ҳама сар то ба пой гӯш шуданд.

Ош мепухт пирамард Аҳмад, –
Гӯшташ буд аз шикори мо.
Ҳурмати Хоҷа дар ҳама беҳад,
Ҳам шикораш шуд ифтихори мо.

Ботинан ман хаёл мекардам,
Кӣ маро хоҷа хонд бар худ дӯст.
Ҳастии худ ба ёд овардам:
Падарам будаанд марди дуруст!

Хостам Хоҷаро барои ман
Кӯҳҳои диёр амон бидиҳанд.
Рози ин кас фақат ба ман равшан,
Кӯҳҳо умри ҷовидон бидиҳанд.

Хоҷаам ханда карду мӯй шикофт,
Рӯй овард ҷониби парда,
"Пиратон" ман бигуфта ҳарфе бофт,
Нигаҳи худ ба сӯям оварда.

Гуфт: Эй дӯстон, бародарҳо,
Мардуми неки меҳрубон ҳастед.
Ман чашидам намак аз ин маъво,
Одамони азизи ҷон ҳастед.

Ман зи шаҳр омадам, шумо бошед,
Баҳри ман меҳрубониҳо кардед.
Бар замин донаи вафо пошед,
Ки бигӯяд замон: Шумо мардед!

Аҳли ин деҳа хуб осояд,
Бахт бинад, зи меҳри он ҷӯшам.
Дай равад, фасли киштукор ояд, –
Бо шумоён ба кор мекӯшам!

Лек як шарти безиён дорам,
Нор бо ман рафиқи ҳамсол аст,
Дастагул бо сурур меорам,
Сарнавиштам барои иқбол аст.

Ҳамраҳаш бошаму бихононам,
Гоҳ-гоҳе ба сӯи шаҳр барам.
Қарздор аз ситорагон монам
Ҷони ӯро агар ба ҷон нахарам!

Рӯзи дигар равем мо ба шикор, –
Меҳмонхонаро зиё бахшем.
Пири равшанзамир, дар ҳар кор
Аз шукӯҳи дили шумо рахшем!"

Хоҷа инро бигуфту монд хамӯш,
Дидаҳо ҳам ба ҳамдигар бархӯрд.
Падарам шуд аз ин сухан сархуш,
Лек саркарда андаке озурд.

Хоҷаи ман, ки хоҷа донистам,
Рӯзи дигар зи деҳаи мо рафт.
Бо хаёлаш ҳамеша мезистам,
Дар сари ман зиёда савдо рафт.

Баъди се моҳ омад ӯ аз нав,
Хоҷаи ман, рафиқи ман, дили ман!
"Норҷон, – гуфт, – ҳарфи ман бишнав,
Омадам аз барои ту равшан…

Мебарам ман туро ба шаҳр, эй Нор,
Хондаву одами замона шавӣ!
Ҳарфи дигар намекунам такрор,
Кӯш, то сархати тарона шавӣ!

Падарам буд марди илмпараст,
Ба суханҳои Хоҷа шуд розӣ.
Гуфт: Ин мардро надеҳ аз даст,
Ки расӣ бар муроди худ, нозӣ.

Рафтам, омӯхтам, ҷаҳон дидам,
Хоҷаамро шинохтам чу худо.
Русидонии худ бисанҷидам,
Рӯзи ман шуд баҳори беҳамто!

Хоҷаам пас ба деҳа бифристод,
Гуфт: "Омӯз мардуми дигар!"
Омадам гуфта "ҳар чӣ бодо бод",
То зи олам диҳам ба халқ хабар.

Муждае, ки зи шаҳр овардам –
Баҳри муллои мо намефорид.
Ман нагуфтам ба ҳеҷ кас дардам,
Чашма бо роҳи хеш мешорид.

Рӯзи дигар бигашт овоза:
"Нор-урус омадаст" мегуфтанд.
Менамуданд сояам тоза,
Нақши пои маро ҳамерӯфтанд.

Ду нафарро намуда ба худ ром, –
Дарс додам зи дигарон пинҳон.
Роҳӣ кардам ба Хоҷаам пайғом,
Ки расонад мадад барои он.

Кӯчаҳо шуд барои ман бас танг,
Буд ду тан барои ман ҳамроз.
Бар сари ман заданд садҳо санг,
Ханда кардам надода ҳаргиз роз.

Соати рафтани падар омад,
Хонд наздаш маро, қасам бар ҷон.
Соати рафтани падар омад,
Ки шудам як нафас ба вай меҳмон.

"Писарам, – гуфт вай, – лақаб дорӣ,
Ман шунидам... Магар ту Нор-урус?
Менамудам ҳамеша ғамхорӣ,
Ки ту бошӣ азиз, марди дуруст.

Ҷойгирам, ягона фарзандам,
Ман наранҷидаам зи ту, донӣ!
Хонданат хостам, ҷигарбандам,
Лек омад маро пушаймонӣ…

Хоҷа омад, намуд гумроҳат,
"Нор-урус" – ин лақаб барои туст.
Менамоям зи меҳр огоҳат:
Интиҳои ман – ибтидои туст!

Ин лақаб ҳамраҳи ту мемонад,
Эҳтироми маро ба Хоҷа расон.
Ман бимирам, – ҳаёт мемонад,
Ки нагардӣ ту ҳеҷ саргардон.

Буд бори зиёд бар дӯшам,
Ҳамааш баъди ман ту бардорӣ.
Ман ту ҳастам, валек хомӯшам,
Ту манию зи меҳр осорӣ!.."

Ин сухан бори охирин гуфта,
Чашм пӯшид аз ҳаёт падар…
Он қадар кори суфта, носуфта,
Баъди он омада маро бар сар.

Нолаҳо карда, рафтам аз манзил
Назди устоди меҳрубони худ.
Буд он гуна доғҳо дар дил…
Ду нафар ғамбарори ҷонам шуд.

Ман пиёда, савора мерафтам,
Ки расам бар макони устодам.
Як буд умрам, дубора мерафтам,
Дил барои пагоҳ медодам.

Нор-урус зи деҳа рондашуда
Роҳи сидқу вафо ҳамепаймуд.
Омад он ду, худам нафармуда,
Дар сафар ҳоли ман накӯтар шуд.

Мо бирафтем назди устодам,
Ҳолати худ ба вай баён кардем…
Инак, аз бахти хеш ман шодам,
Нури уммед бар каф овардем!

Саду яксола мӯсафедам ман,
Писари ман расида бар ҳаштод.
Ҷои гап нест, бар ҳама равшан,–
Нор-урусам, басо дили ман шод!

Ёди устод мекунам доим,
Ки қадамгоҳи вай баҳорам шуд.
Ёди устод мекунам доим,
Ки хаёлаш ҳамеша ёрам шуд!..




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »