Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

АНДАРУНИ ДИЛ СУРУДИ КӮҲҲОСТ



Дил зи дилбардор менозад ҳаме,
Аз вафои ёр менозад ҳаме.

Ин баҳористон тамошо карданист,
Чашми оташбор менозад ҳаме.

Лолае бинам ба дасти лолае, –
Хотири саршор менозад ҳаме.

Андаруни дил суруди кӯҳҳост,
Гӯши миннатдор менозад ҳаме.

Аз дили шаб офтоб ояд бурун,
Бахти нусратёр менозад ҳаме.

Мавҷи дарё аз канорам ҷо гирифт,
Ҷонам аз ин кор менозад ҳаме.

Аз бақои рӯзгори некфол
Зодаи Ансор менозад ҳаме!

Дил зи дилбардор менозад ҳаме,
Аз вафои ёр менозад ҳаме!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »