Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ТОҶИКАМ, ТОҶИКИ САМАРҚАНДАМ!




Шаҳри покам, баҳори дилбандам,
Аз шукӯҳат зиёда хурсандам.
Чун бипурсанд, бо фараҳ гӯям:
– Тоҷикам, тоҷики Самарқандам!

Шаҳри маҳбуби ман, дилу ҷонам,
Ҳастии ман, ҳаёту имонам.
Аз ҳавоят нафас кашам доим,
Шодии дил ба ту фиристонам.

Рӯи ту чун баҳор нур-афкан,
Бӯи ту беҳ зи бӯи ҳар гулшан.
Нози ман, рози ман ту мебошӣ,
Кӯчаҳои туро бибӯсам ман!

Иқтидори ман аз ҳавои туст,
Ифтихори ман аз бақои туст.
Бо дилу рӯҳи номдоронат –
Ҳастиам дар раҳи вафои туст!

Шаҳри покам, баҳори дилбандам,
Аз шукӯҳат зиёда хурсандам.
Чун бипурсанд, бо фараҳ гӯям:
– Тоҷикам,тоҷики Самарқандам!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »