Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

МЕРАСАД БӮИ МУШК АЗ ХОКАТ




Панҷакенти азиз, номи туро
Ман зи ҳар сафҳаи бақо бинам.
Шӯҳрату ҳусни бардавоми туро
Дар суруду таронаҳо бинам.

Пир ҳастию навҷавон ҳастӣ,
Мерасад бӯи мушк аз хокат.
Роздори гузаштагон ҳастӣ,
Ки харидор мо ба идрокат.

Аз рухи поки ту, дили шодам,
Рӯҳи аҷдодҳо намоён аст.
Шаҳри бобокалонам, устодам,
Ҷони ту дар вуҷуди ман ҷон аст!

Нақши таърихи Суғдиён дорӣ,
Ҳар ваҷаб хоки ту забон дорад.
Рози пинҳону ноаён дорӣ,
Ончуноне, ки осмон дорад.

Бишнид ин давр оҳи сарди туро,
Рафти таърихро китобат кард.
Панҷакенти азиз, дарди туро
Рӯзгори навин табобат кард!

Магар ин гуна нест?.. Меболӣ,
Ки ба ҷисмат давида хуни зафар.
Офтоби замони хушҳолӣ
Ба сарат додааст нури саҳар.

Чашма дорӣ,
Ба ном "Ҷӯшон" аст,
Чун худи ту ҳамеша меҷӯшад.
Оби софаш нишони паймон аст,
Баҳри ободии ту мекӯшад!

Рӯдакии бузург вақти сафар
Аз ҳамин чашма об менӯшид.
Дар Бухоро, Ҳирот... ҳар кишвар
Оби "Ҷӯшон" ба хоби худ медид...

Баъди даҳ асри хорию зорӣ –
Рӯдакӣ омаду ба тахт нишаст.
Шеъри тоҷикии шакарборе
Дар дили соҳибони бахт нишаст.

Панҷакент, умру зиндагонии ман,
Пир ҳастию навҷавон ҳастӣ.
Шаҳри зебои бостонии ман,
Роздори гузаштагон ҳастӣ.

Номи устоди назми тоҷикӣ
Бо ту вобаста аст ҷовидон.
Қомат афроз, он қадар некӣ,
Чун Зарафшони хеш зар афшон!

Панҷакенти азиз, номи туро
Ман зи ҳар сафҳаи бақо бинам.
Шӯҳрату ҳусни бардавоми туро
Дар суруду таронаҳо бинам.

Ҳар канорат шудаст гулшану боғ,
Саҷда бар мардумони бебокат!..
Ҳар куҷое равам агар, ба димоғ
Мерасад бӯи мушк аз хокат!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »