Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

АЗ НАХИ АБРЕШИМИН ГУЛ ДӮХТӢ




Боз боғу роғ гул бар сар гирифт,
Боз дашту чӯл ҳусни тоза ёфт.
Боз дил аз осмон ахтар гирифт,
Боз саҳро ҳусни беандоза ёфт!

Боз омад субҳ бо ранги дигар,
То ки шавқу завқ афзунтар шавад.
Дар вуҷуди мардумони номвар
Ҳиссиёти тоза кони зар шавад.

Боз духтарҳои зебои диёр
Мӯяшонро гирди сар чанбар кунанд.
Аз суруду рақси айёми баҳор
Дидаи худро мунаввартар кунанд.

Боз деҳқонони беамсоли мо
Поя бигзоранд баҳри ҳосилот.
Боз Наврӯз омада, хуш ҳоли мо,
Дил ба парвоз аст сӯи коинот!

Боз ҷоми дил шуда саршортар,
Шарбати васли гуландоме дар ӯст.
Чашми ошиқ мешавад бедортар,
Барқ мегардад вай аз дидори дӯст.

Сӯзанидӯзи муборакрӯзи ман,
Сӯзанатро андаке як сӯ гузор.
Роҳ то гирем бар боғу чаман,
Бӯса бинмоем аз рӯи баҳор!

Бӯса бинмоем ҳар як лоларо,
К-он диҳад илҳоми нав бар кори нав.
Навҷавон созад каси садсоларо,
Иди Наврӯз аст ин, ҷонам гарав!

Нақши ҳар як сӯзаниат бебаҳост,
Ман ба устокории ту қоилам.
Лек дар ин субҳи нав,
Ки бебаҳост,
Нақшаи беҳтар зи ту хоҳад дилам!

Дар яке аз сӯзаниҳо, ростӣ,
Аз нахи абрешимин гул дӯхтӣ.
Садқаат ман,
Бе камиву костӣ –
Дар сари гул акси булбул дӯхтӣ.

Ман ҳамон гулро худат пиндоштам.
Ҳар қадар "не" гӯӣ,
Он булбул манам.
Назди ёрон обрӯ бардоштам,
Аз ҳунармандит ман гап мезанам.

Боз боғу роғ гул бар сар гирифт,
Боз дашту чӯл ҳусни тоза ёфт.
Боз дил аз осмон ахтар гирифт,
Бо ҳамон ахтар ба сӯи ту шитофт.

Сӯзанатро боз дар дастат бигир,
Риштаҳои хубро кун интихоб...
Рӯи зону мон матои беназир,
Дӯз анҷумро ба гирди офтоб!

Фасли гулро ҳам накӯ тасвир кун,
Дилбари тоҷики ман,
Дилсӯзи ман.
Шӯҳрататро боз оламгир кун,
Сӯзанидӯзи муборакрӯзи ман!

Ин ҳунар мондаст аз аҷдод, бин:
Сӯзанӣ –
Тӯёнаи ҳар тӯй бод!
Сӯзании тӯҳфа бар ҷашни Ленин
Нақши монӣ бошаду хушрӯй бод!

Бин, ки духтарҳои зебои диёр
Мӯяшонро гирди сар чанбар кунанд.
Аз суруду рақси айёми баҳор
Хотири худро мунаввартар кунанд!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »