Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ФАТҲИ СИПЕҲР КУН!



Ин қадар аз қафои гул овора мешавӣ?
Як дам ба ҳуш ой!
Атрофи ин замини дил сайёра мешавӣ?
Пас, дар хурӯш ой!

Боғи малоҳате туро рӯёндааст дил,
Парвози меҳр кун.
Дар роҳи рафту омадат ҷон мондааст дил,
Фатҳи сипеҳр кун!

Фатҳи сипеҳри ишқи ман осон шавад ба ту,
Ҳар як гули муроди дил хандон шавад ба ту,
Фатҳи сипеҳр кун,
Парвози меҳр кун!

Оинаи хаёли ман акси туро бидид,
Оинадор бош.
Эй чашми роздори ҷон, дар кишвари умед
Рӯҳи баҳор бош!

Ин қадр аз қафои гул овора гаштаӣ,
Ин кори неки туст.
Атрофи сарзамини дил сайёра гаштаӣ,
Афсонаи накӯст…

Шаҳроҳи зиндагониам умре кушод бод,
Ман меравам ба ҷонибат бо меҳру эътиқод.
Як дам ба ҳуш ой,
Пас, дар хурӯш ой!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »