Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Оинаи дил -

ПАЙҒОМИ ЛЕНИН



Хуршеди бақои мо бувад номи Ленин,
Фатҳу зафари мост зи пайғоми Ленин.
Мӯъҷиза наёвард ба мардум "қуръон",
Мӯъҷиза ба халқ аст аз иқдоми Ленин!

Ҳар як сухани даҳо ба мо роҳ кушод,
Роҳи шарафу баҳори дилхоҳ кушод!
Бар мардуми дилтоҷики нусратпеша
Дарвозаи иқбол на "оллоҳ" кушод!..

Имрӯз, ки ботавону бебок шудем,
Аз партияи Ленин тарабнок шудем.
Обод намуда хоки поки кишвар –
Мо аз паи ободии афлок шудем!

Эй тори мубораки саодат, бинвоз,
Дар савти таронаи саодат бинвоз!
Як сӯй гузор нағмаҳои ором,
Аз ҷӯшу хурӯш бо ҷасорат бинвоз.

Кору ҳунари мост зи пайғоми Ленин,
Фатҳу зафари мо бувад аз номи Ленин.
Муъҷиза наёвард ба мардум "қуръон",
Муъҷиза ба халқ аст аз иқдоми Ленин.





МУНДАРИҶА | Идома »