Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

РАВШАНИ ЁРМУҲАММАД

Хотираҳо

ШИРУ ШАКАР

Хабар доданд, ки Госкомиздати СССР дар шаҳри Тошканд машварати муассисаҳои китобдорӣ: палатаи китобҳо, бибколлектор, китобхонаҳоро мегузаронад. Аз ҷониби Госкомиздати РСС Тоҷикистон маро сардори ҳайат таъин карданд. Моҳи декабри соли 1979 буд. Ба ин  машварат шавқманди рафтан набудам. Машварати тамоман техникӣ ва соҳавӣ буд. Рақамгузории китобҳо, китобхона, нигаҳдории онҳо дар хазинаҳо ва ғайра. Аз сарредаксия ҳам касе ҳавасманд набуд. Ду-се рӯз буд, ки гапи ҳамин машварату сафари ман ба Тошканд мерафт. Файзулло Ансорӣ пеш аз сафарам шеъреро бо номи «Ширу шакар» ба дастам доданд. Онро хондам:

Марҳамат бар хонаи дил, ёри доно, гуфтамат,
Аз табассумҳои ту дар сина ғавғо гуфтамат.
Сузларинг ишқу вафодин бӯлса, офат кӯрмагил,
Меҳри дил шуд аз нигоҳи ту ҳувайдо, гуфтамат.
Кӯзларинг олдида юлдузлар хиҷолат чекдилар,
Чашми ту оинаи рӯзи гуворо, гуфтамат.
Лолалар гулдаста булсин илтифотинг олдида,
Пойандози раҳи ту боғи гулҳо гуфтамат.
Ӯзбекистон гуллариға Тоҷикистондан салом,
Дӯстии ин ду миллат ҳаст барҷо, гуфтамат.
Аз табассумҳои ту бар сина савдо омада,
Марҳамат бар хонаи дил, кӯзи шаҳло, гуфтамат.

Шеър маро ба ваҷд овард. Фикр мекардам, ки Файзулло Ансорӣ забони ӯзбекиро намедонад. Дар ин шеър мисраъҳо ва ибораҳое буданд, ки бе донистани нозукиҳои забони ӯзбекӣ онҳоро дар шеър ҷой додан мушкил аст. Гуфтам:
− Муаллим, шумо забони ӯзбекиро  ҳам медонед?
− Ҳамсояем, надонистани забони ӯзбекӣ айб аст. Бобоям ва падарам забони ӯзбекиро медонистанд.
Ин шеърро ман бо худ бурдам. Дар чанд сӯҳбат ба дӯстони ӯзбек хондам. Яке аз дӯстонам, ки Ҳоҷимурод Қулдошев ном дошт ва дар Афғонистон якҷоя кор мекардем, мухбири радиои тоҷикии Ӯзбекистон буд. Аз ман хоҳиш кард, ки дар хусуси машварат понздаҳ дақиқа сухан гӯям. Дар охири баромадам ин шеърро хондам.

АБДУЛЛО ЗОКИРОВ

Соли 1978 Абдулло Зокиров аз Комитети сулҳи РСС Тоҷикистон ба Комитети матбуот ба ҳайси сармуҳаррир ба ҷои Бурҳон Фаррух омад. Ин мард ҳамчун рӯзноманигор ва тарҷумон, хусусан тарҷумаи «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов, машҳур буд. Абдулло Зокиров кӯшишҳо мекард, ки дар Сарредаксия ва ҷараёни табъу нашри китобҳо тағйирот дохил кунад. Аммо он солҳо мушкил буд қолабҳои кӯҳна ва шахшударо шикастан. Ӯ, аз ҳама пеш, хост ки дар Сарредаксия дигаргунӣ орад. Ба тартибу интизом сахт риоя мекард. Аз рафти кори мо зуд-зуд бохабар мешуд. Ба Файзулло Ансорӣ эҳтиром дошт. Аммо худро аз мо боло мегирифт. Ана ҳамин рафтораш ба Файзулло Ансорӣ писандида набуд.
Абдулло Зокиров ҳуҷраи кориашро ба ҳуҷраи калонтаре иваз кард. Ҳамаамон се-чор рӯз ба даровардану баровардани чизу чораи ҳуҷраҳо саргардон шудем. Файзулло Ансорӣ шахсони «кабинетпараст»-ро дӯст намедоштанд. Чанд бор ба ман изҳор карданд:
− Мо чор нафар дар як ҳуҷра ҷой гирифтаем, ӯ боз ҳуҷраам танг гуфта, ба хонаи калон гузашт. Оё ҳуҷра кор мекунад ё одам?
Ба ҳар ҳол омадани Абдулло Зокиров ба пешрафти кори мо тағйироте наовард. Кор бо маҷрои хеш пеш мерафт. Мо ҳам бо интизом дар ҷойҳоямон менишастем. Файзулло Ансорӣ одат доштанд, ки агар дар ҳуҷраи корӣ зиқ шаванд, ба кӯча баромада, оҳиста-оҳиста қадам мезаданд. Пас омада бомаҳсул кор мекарданд. Рӯзе, дар ҳузури ҳамаамон, аз Абдулло Зокиров барои ба ҷое рафтан рухсат пурсиданд. Абдулло Зокиров ҳис карданд, ки майли май нӯшидан доранд, табъи Ансорӣ хира аст, иҷозат надоданд. Пас аз рафтани Абдулло Зокиров Ансорӣ хомӯш нишаста, манаҳашонро молидан гирифтанд. Худашон сиёҳпӯст буданд, боз ҳам симояшон тиратар шуд. Ман гуфтам:
− Муаллим, рухсат пурсида мешинед, коратон бошад, равед, гӯед, ки аз Равшан ҷавоб гирифтам.
− Хуб намешавад.
Пас чой монданд ва чой нӯшиданд. Ҳама машғули кор будем. Ҳадиса Қурбонова ва Шоҳҳайдар ба танаффуси нимрӯзӣ баромаданд. Дар ҷои кор ману Файзулло Ансорӣ мондем. Коғазеро ба сӯям дароз карданд. Хондам, шеъре:

ТУ РОҲИ ОДАМОНИ НЕКРО ГИР!

 

Ба Абдуллои Зокир арз кардам,
Ки ман аз ҳолати ботин ба дардам.
Равам ҷоею созам чораи кор,
Намоям гарм андак табъи сардам.

Чу Абдуллои Зокир сарвари кор,
Набишнид арзи манро, ин чӣ рафтор?
Дуояш кардаму гуфтам рӯзе,
Туро ояд дучор ин гуна сардор.

Фаро аз бом Абдуллои Зокир,
Замин хуб аст баҳри гашт охир.
Фаро аз осмони кибри иғроқ,
Ту раҳи одамони некро гир…

06.04.1979

Зодрӯзи Абдулло Зокиров  21 декабр буд. Он солҳо иттифоқи касабаи корхона ҳар касро ба зодрӯзаш табрик мекард. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ муовини раиси иттифоқи касабаи Комитети матбуот буд. Аз Файзулло Ансорӣ хоҳиш кард, ки ба зодрӯзи Абдулло Зокиров шеъре нависанд. Бояд гӯям, ҳар гапи майдаю чӯйдае, ки байнамон мешуд, боз зуд фаромӯш мекардем, ба дил намегирифтем. Файзулло Ансорӣ қитъае навишт. Ҳама ба ҳузури Абдулло Зокиров рафтем. Ҳатто Даврон Ашӯровро ҳам хабар кардем. Абдулло Зокиров аз ин рафторамон хуш шуданд. Сухани аввал барои табрик ба Файзулло Ансорӣ дода шуд. Ӯ дар бораи Абдулло Зокиров чанд сухан гуфт. Сонӣ қитъаи зерро хонд:

Ба «Доғистон»-и Ғамзатов забони тоҷикӣ додӣ,
Ҳама хонандагон аз кори ту гаштанд миннатдор.
Чунон нозукадо ҳастиву дар ин ҷабҳа устодӣ,
Хато  оё бигӯемат: Расул Ғамзатови тайёр?!

Ҳама қарсак заданд. Файзулло Ансорӣ Абдулло Зокировро оғӯш кашиданд.
Баъд дигар табрикҳою сухангӯиҳо ҳам сар шуд.

ДАВРОН АШӮРОВ

Файзулло Ансорӣ ба Даврон Ашӯров эҳтиром доштанд. Ӯро марди донишманд, одами хуб, кордону ғамхор мегуфтанд. Ҳамроҳ нимрӯзиҳо ва пас аз кор шатранҷ бозӣ мекарданд.
Ба муносибати 40-солагии зодрӯзаш шеъре навиштанд ва ҳамакаса ба дафтари кори Даврон Ашӯров даромадем, дастагулҳо табрик кардем, Файзулло Ансорӣ шеъри зеринро хонданд:

Ба муносибати 40-солагии Даврон Ашӯров      

 

Ман аз ҷон рӯзгори беғашат хоҳам,
Сари сабзу дили пуртоқатат хоҳам.
Барои бахти миллат зиндагонӣ кун,
Бақои боғу роғи дилкашат хоҳам!

***
Туӣ Даврон Ашӯрови муборакдил,
Муборак омадӣ ин дам ба синни чил.
Басо чилҳои дигар пушти сар парто,
Ки байни дӯстонат раҳ наёбад қил!

***
Ба фарзандони гулрӯят вафо хоҳам,
Қади болобаландатро бақо хоҳам.
Табассум аз лабони ту нагардад дур,
Сари роҳат сабоҳи пурзиё хоҳам!

10.2.1980

 

РАВШАНШОҲИ ЁРӢ

Ташвишҳоям бисёр буд. Наметавонистам, ки ҳама хоҳишҳои устод Файзулло Ансориро ба ҷо орам. Вале аз ман намеранҷиданд. Чанд пора шеъре дар даст дорам, ки ишора ба ҳамин рафторам аст.

Ба Равшаншоҳи Ёрӣ арзи кору бор бинмудам,
Каломи ҳиммати дилро ба ӯ такрор бинмудам.
Валекин арзи ман дар гиру мони корҳо шуд маҳв,
Ки аз ин рӯҳавои рӯзро ашъор бинмудам.

 

***

Саломат бош Равшаншоҳи Ёрӣ, одами дурбин,
Сари роҳат ҳамеша ишқ бину олами нур бин.
Агар чанде ба арзи ман ту гӯшатро намуди кар,
Балони мошинатро дар сафарҳо доимо зур бин.

 

ХОНАИ №7

Дар кӯчаи Попов 9, дафтари кори мо таҳти рақами 7 буд. Устод Файзулло Ансорӣ ба ҳамин муносибат шеъри зеринро навиштанд:

Агар Шоҳҳайдар барояд ба кор,
Шавад аз қудраташ ҷаҳон корзор.
Чу Равшан равад аз паи дилбаре,
Ҳадиса бихандад, ба дил ахгаре.
Фақат мӯйсафеде дар ин коргоҳ,
Нишаста намояд ба берун нигоҳ.


Соли 1979

 

***

Ҳадиса хоста бар хона рафтан,
Вале инро нахоҳад ҳеҷ Равшан.
Биё, эй Шоҳҳайдар, бар Ҳадиса,
Диҳем алҳол рухсатро тую ман.


Соли 1979

Он солҳо ба иҷрои нақшаи пахтасупории ҷумҳурӣ ҳамаамон ҳавасманд будем. Нимрӯзиҳо радио гӯш мекардем. Соли 1979 нақшаи пахтасупорӣ бармаҳал иҷро шуд. Файзулло Ансорӣ қитъаи зеринро навиштанд:

Республикаи азиз, аз шодии ту
Хурсанд шуда Ҳадисаю Равшаншоҳ,
Дар тӯи ту мезанем моён қарсак,
То мавҷи суруди ту расад бар худи моҳ.

Мо рӯзҳои таваллуди ҳамкорон, ҷашнҳо ва ҳар як муваффақиятамонро бо шодию хурсандӣ таҷлил мекардем. Ҳатто дар байни ману Файзулло Ансорию Шоҳҳайдару Ҳадиса аҳд буд, аз ҳақи қаламе, ки мегирем, даҳ фоизашро бо ҳам бинем. Ин аҳд бе чуну чаро иҷро мешуд. Ҳадиса Қурбонова аз Вазорати маданият барои намоишномааш ҳақи қалам гирифт, ки маблағи зиёде буд, ба даҳ фоизаш моро чанд рӯз зиёфат дод. Ҳамеша Файзулло Ансорӣ ҳамроҳамон буданд. Худро аз ҳамкорон ҳеҷ гоҳ канор намегирифтанд. Дар сӯҳбатҳо мо гоҳо суханони бепарда мезадем, Файзулло Ансорӣ кӯшиш мекарданд, ки моро нигоҳ доранд.
Ба муносибати Соли нави 1980 шеъре навиштанд ва онро дар маърака хонданд:

Соли нав бодо муборак дӯстон,
Бар шумо хоҳам ҳарорат, орзую иқтидор.
Бар шумо хоҳам дили бекина, умри бобақо,
То ҳама бошед шоён одамони рӯзгор!

 

Кинаву қаҳру ғазаб аз худ бадар бояд намуд,
Бар пагоҳи нурбори худ назар бояд намуд.
Дӯст бояд дошт оини вафою дӯстӣ,
Шоми нофарҷоми дилҳоро саҳар бояд намуд.

Мо равон бо роҳи нусратбахши дунёи ҳавас
Чун ба фардои муқаддас мерасад шоиста кас?
Бо садоқат мамлакатро боз ҳам зебо кунем,
Соли нав бодо муборак, дӯстони ҳамнафас!

Дар болои саҳфаи нусхаи аввали ин шеър таърихи 16.12.1979 гузошта шудааст.

***

Файзулло Ансорӣ инсони покдил, ба ҳамкорон ғамхор буданд. Ғами адабиёт, театр ҳамроҳашон буд. Аммо чи буд, ки дар ғалогӯлаи қувваҳои нави эҷодӣ ин адиби ба камолрасида, қариб 50-сола, фаромӯш шуда буд. Намоишномаҳояшро дар театрҳо ба саҳна намегузоштанд, асарҳояш дар маҷаллаю рӯзномаҳо қариб ба табъ намерасиданд, китобҳояш чоп намешуданд. Чанд порча шеъраш дар дастам аст, ки шикояте ва нафрате ба нокасон ва нотавонбинҳост:

Ба касоне, ки надоранд шафқат, нафрат,
Бар дили тираи мардони касофат, нафрат.
Ҳар яке аз ками хеш набошад огоҳ,
Бар сияҳкору ҷафопешаи миллат, нафрат.
Хостам то ба шуҷоат бишавам маҳбуби давр,
Лек як зумра нахоҳанд шуҷоат, нафрат.
Корҳои сара кардан бурун ояд аз дил,
Офарин бар дили ҳушёру ба ғафлат нафрат.


8.10.79 сол

Ё ин ки:

Бародар одамият кори ӯ нест,
Ки нуре дар гапу кирдори ӯ нест.
Маро бигзор то номаш нагирам,
Чаро ки баҳри ман ҷуз хори ӯ нест.

Баҳорон зери пои вай хазон шуд,
Хазон шуд, хотири мо нотавон шуд.
Ба рӯ нуру ба дил гӯру қиёмат,
Каси нокас, ки доим ғамрасон шуд.

 

ЗОДРӮЗ

Файзулло Ансорӣ 20 март зодрӯз доштанд. Арафаи иди Наврӯз. Бисёр ҳам дӯст медоштанд, ки дар ин рӯз берун аз шаҳр бароянд. Соли 1978 банда ҳуҷҷати ронандагӣ надоштам. Мошини сабукрави ГАЗ-24 «Волга»-амро бародарам Амиршоҳ Ёрмаҳмадов меронд. Ӯ пас аз нимрӯзӣ ба идораи мо омад. Файзулло Ансорӣ хоҳиш карданд, ки пас аз кор ба дараи Варзоб равем. Ин хоҳишашонро рад накардем. Пас аз кор Файзулло Ансорӣ, ман, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ҳамроҳи Амиршоҳ ба Варзоб рафтем. Ба Чорбед нарасида, Ансорӣ ҷоеро интихоб карданд. Хушманзара, чойхона ҳам буд. Дуди кабоб мебаромад, мо бо худ як шиша коняк, арақ ва кабудию чака гирифта будем. Чойхонадор бароямон дар каноре, ки Файзулло Ансорӣ интихоб карданд, миз гузошту хидмат кард. Одам дар чойхона кам буд. Манзараи зебо. Ҳавои форам.
Файзулло Ансорӣ Амиршоҳро ҳурмат мекард, на ба хотири ронандагияш, ба хотири он ки Амиршоҳ ҳарчанд таърихшинос аст, адабиёти муосирро низ хуб медонист. Мо, ки ҳар рӯз ҳашт соат ҳамроҳи Ансорӣ будем, табиист, ки сӯҳбатҳои ӯ бароямон муқаррарӣ менамуд, барои Амиршоҳ бо шоире чун Ансорӣ нишастану сӯҳбат кардан ифтихор буд.
Чун миз густурда шуду кабоб ҳам омад, мо шишаҳоро рӯи миз гузоштем. Шоҳҳайдар ибтидо шишаи конякро кушоду ба ду пиёла рехт. Ансорӣ гуфтанд:
− Чаро дар ду пиёла?
− Ман, муаллим, имрӯз коняк менӯшам.
− Арақро кӣ менӯшад?
− Равшаншоҳ.
− Не, ту арақ нӯш.
Шоҳҳайдар розӣ нашуд. Коняк як шиша буд, арақ ҳам.
Файзулло Ансорӣ дигар ҳарфе назаданд. Шеър хондему аз таърихи Наврӯз ҳикоят кардем.
Файзулло Ансорӣ дар байни шоирон аз ҳама беҳтар шеър мехонд. Ҳатто натоқони радио ва телевизион ба ӯ баробар шуда наметавонистанд. Ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дӯст медоштанд. Дар ин сӯҳбат аз шеъри «Бихандад лола бар саҳро» ёд шуд. Файзулло Ансорӣ нозукии ташбеҳу истиораҳои шоирро ба мо мефаҳмонд.
То торик шудани дараи Варзоб нишастем. Сонӣ бо табъи болида ба шаҳр баргаштем. Файзулло Ансориро дар назди хонаашон фуровардем.
Пас аз рафтани Файзулло Ансорӣ Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ба ман гуфт:
− Барои он коняк нӯшидам, ки устод Файзулло Ансорӣ як шишаро нӯшида маст нашаванд.

***

Аз байн як сол гузашт. Боз 20 март омаду насими форами Наврӯзӣ. Дар ҳавлии Комитети матбуот (кӯчаи Попов, 9), ки боғчае дошт, қадам мезадем. Файзулло Ансорӣ аз ман пурсиданд:
− Мошинат нест?
− Не,  − гуфтам. – Ҳуҷҷати ронандагиямро ГАИ гирифт.
− Аз Лоиқро ҳам гирифта буд, устод Боқӣ Раҳимзода ба миён даромаданд, пас доданд.
− Мошин чӣ лозим?
− Ба дараи Варзоб мерафтем…
Сухан ба ҳамин ҷо расида буд, ки аз кӯҷое бародарам Амиршоҳ пайдо шуд. Ансорӣ аз дидани ӯ шод гашт. Гарму ҷӯшон вохӯрӣ карданд.
− Амиршоҳҷон, ягон кор кун, ба дараи Варзоб равем.
− Дар дараи Варзоб чӣ гап аст?
− Имрӯз 20 март. Рӯзи таваллуди муаллим, − гуфтам ман.
− Ҳозир ташкил мекунем, − гуфт Амиршоҳ.
− Мошин нест, − гуфт Файзулло  Ансорӣ. – Ҳуҷҷати Равшанро ГАИ гирифтааст.
− Ана, мошини Тӯйчӣ Миров! – мошини сурхи тамғаи «Жигулӣ»-ро ба мо нишон дод Амиршоҳ.
− Розӣ мешавад?
− Мешавад.
Тӯйчӣ Миров дар бинои  шафати мо, ки Институти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорӣ ҷой гирифта буд, кор мекард. Ӯро ёфтем. Хуб нею нестон кард. Мошин аз бародарам Саидшоҳ. Ман бо ваколатнома мегардам, гуфт.
Вақте ба Тӯйчӣ Миров фаҳмондем, ки дар паси ҷилави мошин Амиршоҳро мешинонем, ӯ ҳамроҳи мо маишат мекунад, розӣ шуд. Майда-чӯйда харида ба Варзоб рафтем. Ғуборе рӯи дараро мепӯшонд. Кам-кам борон меборид. Ҳамон ошхонаро ёфтем. Касе набуд. Курсиҳо ҷамъ карда, болои мизҳо гузошта.
− Ҳамин ҷо мешинем, − гуфтам ман.
− Соҳиби хона нест, − гуфт Ансорӣ.
− Соҳибаш ба мо чӣ лозим? Ҳама чизро аз шаҳр овардаем.
Ману Шоҳҳайдар аз мошин фуромадем. Як мизро кашола карда, каноре гузоштем. Атрофаш курсиҳо мондем. Дигарон ҳам аз мошин фуромаданд. Нишастем.
− Ба фикрам, − гуфтам ман. – Соҳиби ошхона имрӯз намеояд. Биёяд ҳам аз мо намеранҷад.
Сари миз нишастему сӯҳбат кардем. Зодрӯзи шоир буд. Ҳама хуш будем. Дастархон пури нозу неъмат. Шоҳҳайдар ба коняк даст назад. Конякнӯшии Шоҳҳайдарро дар соли гузашта ба ёд овардем. Ҳама хандиданд. Боз шеърхонию зарофатгӯи сар шуд. Он ҷое, ки Файзулло Ансорӣ ҳузур доштанд, хушӣ буду шодӣ…
Баргаштем. Дар сари ҷилав Амиршоҳ, паҳлӯяш Тӯйчӣ Миров нишаста. Дар пас ману Файзулло Ансорию Шоҳҳайдар Ёдгорӣ. Аз кӯли Варзоб гузаштем, ки Файзулло Ансориро хоб бурд. Қариб ҳама хомӯш будем. Дар пости ГАИ-и Варзоб нозири раҳ ишора кард, ки истем. Мошинҳо зиёд буданд. Нозирҳо ҳам. Амиршоҳ мошинро манъ накард. Суръатро тезонд. Аз ӯ пурсидам:
− Чаро наистодӣ?
− Ҳуҷҷати ронандагиям ҳамроҳам нест.
Ҳаракати мошин аз сад зиёд буд.
− Аз қафо меоянд? – пурсидам ман.
− Меоянд, − гуфт Амиршоҳ.
− Манъ кун, боз ягон фалокат нашавад.
Амиршоҳ ҳам суръатро суст намекард.
Ба пули кӯчаи Карамов наздик шуда будем, ки нозирони роҳ ба мо расида, бо чӯбдаст ишора карданд, ки истем. Илоҷи наистодан набуд. Мошинашонро дар пеши мошини мо доштанд. Истодем.
− Ҳуҷҷат? – гуфтанд.
Амиршоҳ гуфт, ки ҳуҷҷатҳои ронандагияш дар хона мондааст.
− Ҳуҷҷатҳои мошин?
Ҳуҷҷатҳои мошинро нишон додем.
− Соҳиби мошин кист? – пурсид нозир.
− Соҳиби мошин дар Афғонистон аст, − гуфт Амиршоҳ. – ин кас ваколатдор. – Ба Тӯйчӣ Миров ишора кард.
− Чаро худат дар сари рул намешинӣ?
− Ман мастам.
− Маст?
− Бале, маст, арақ нӯшидаам.
− Ҳуҷҷатҳоят канӣ?
− Дар кисаам.
Тӯйчӣ Миров ҳуҷҷатҳояшро баровард. Нозири роҳ дурру дароз онҳоро пасу пеш варақ зад.
− Ваколатдори мошин маст, дар сари рул шахси беҳуҷҷати ронандагӣ нишастааст, боз дар пост намеистед.
− Нафаҳмидем, − гуфт Амиршоҳ. – Хаёл кардам, ки шумо ба мошини ақиби мо ишора кардед.
Нозири роҳ Амиршоҳро аз сари ҷилави мошин фароварду худаш нишаст. Мошинро ақиб гардонд.
− На ҳуҷҷат доред, ҳамаатон маст! – боз ғур-ғур кард.
Вақте мошин бозгашт, Файзулло Ансорӣ аз хоб бедор шуданд. Даст ба китфи нозири роҳ бо навозиш бурда, гуфтанд:
− Амиршоҳҷон, расидем?
− Ман Амиршоҳ не! – бо ғазаб гуфт нозири роҳ. – Дастатро аз китфам гир!
Файзулло Ансорӣ чашм дурусттар кушода, дар сари ҷилави мошин одами кулоҳи низомидорро дида, гуфтанд:
− Бародар, ба куҷо меравем?
− Ба пост!
− Маро ба хона баред. Ман Файзулло Ансорӣ.
Нозири роҳ гуфт:
− Арақро камтар нӯшед.
Амиршоҳ гуфт:
− Устод, инҳо шеър намехонанд, шоиру нависандаҳоро намешиносанд. Илтимос накунед.
Нозири роҳ мошинро ба пости ГАИ-и Варзоб оварда монд. Амиршоҳ ва Тӯйчӣ Мировро барои ташхис, ки шароб нӯшидаанд ё не, ба назди табибон бурданд. Ман, Файзулло Ансорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ дар дохили мошин мондем. Нозире рақамҳои давлатии мошинро кушода гирифт. Илтимосу хоҳиш дигар намегузашт. Пас аз як соат онҳо баргаштанд.
− Чӣ шуд? – пурсид Ансорӣ.
− Чӣ мешавад! – гуфт Амиршоҳ.
− Ҳақ надоранд, ки мошинро гиранд. Ҷарима карданд, ҷаримаашонро супоридем.
Амиршоҳ паси ҷилави мошин нишаст. Бо суръати баланд онро ронд. Ба шаҳр даромадем, ки боз мошинро манъ карданд.
− Чӣ гап? – пурсид Амиршоҳ.
− Бо суръати баланд омадед. Ҳуҷҷатҳоро бароред!
− Бародар, мошин на рақами давлатӣ дораду на ман ҳуҷҷати ронандагӣ.
− Чӣ хел?
Нозири дигаре ба мо наздик шуд. Тӯйчӣ Мировро шинохт.
− О, ин мошини бародарат Саидшоҳ нест?
− Бале, мошини Саидшоҳ аст. Ман ваколатнома дорам.
− Ҳуҷҷатҳоятонро кӣ гирифт?
− Пости Варзоб.
− Гашта раведу аз номи ман гап занед, медиҳанд. Агар надоданд, соати яки шаб ба ГАИ-и ҷумҳурӣ биёед.
Баргашта ба пост омадем. Гуфтанд, ки рақамҳои давлатии мошинро ба ГАИ-и ҷумҳурӣ фиристодаем. Дар дастамон нест. Нозирон бо иштиҳо ғизо мехӯрданд. Ба мо ҳам пешниҳод карданд. Муомилаи онҳо каме нарм шуда буд. Ансорӣ хоҳиш кард, ки бевақт шудааст, ӯро ба хонааш барем.
Файзулло Ансорӣ ва Шоҳҳайдарро ба хонаашон расонда, боз ба назди нозири шинос рафтем. Ва гуфтем, ки рақамҳои давлатии мошинро надоданд, гуфтанд, ки ба ГАИ-и ҷумҳурӣ бурда супоридем.
− Сабр кунед, ҳозир кор тамом мешавад, ба он ҷо меравем.
Пас аз муддате корро ба анҷом расонданд. Ба ГАИ-и ҷумҳурӣ рафтем. Нозири шинос ҳарчанд кофт, рақамҳои давлатии мошини моро наёфт.
− Рақамҳои мошинро наовардаанд, − гуфт ба мо. – Биёед ба наздашон меравем.
Боз ба пости Варзоб омадем. Рақами давлатии мошин дар дасташон будааст. Ба мо баргардонданд.

 

НАЗДИ КАЛОН БО ДАСТОВЕЗИ
 КАЛОН БОЯД РАФТ

Ҳамон солҳо асарҳои мунтахаби адибон дар ду ҷилд, се ҷилд, ҳатто то чор ҷилд чоп мешуданд, аммо касе ғами Файзулло Ансорӣ надошт. Ману Шоҳҳайдар Ёдгорӣ чанд бор ба ӯ гуфтем:
− Муаллим, ба назди Ҷаббор Расулов дароед. Ёрдам мекунанд.
Ба ин суханонамон ҷавоби саҳеҳ намедоданд. Манаҳ мемолиданд.
Вақте аз ҳад гузарондем, гуфтанд:
− Додарони азизам, ба назди одамони калон бо дастовези калон бояд рафт. Ман чанд китоби ҳаҷман хурд чоп кардаам. Ба назди котиби якум даромада, чӣ мегӯям? Агар ман ҳам якҷилдаю дуҷилда медоштам, бурда ба Ҷаббор Расулов нишон медодам.
− Ҷаббор Расулов шуморо медонанд. Аз драмаҳоятон «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Ҳаёт ва ишқ» бохабаранд.
− Гап дар сари Ҷаббор Расулов нест. Ҳамаи онҳое, ки пеши роҳи маро мегиранд, аксарияташонро худам тарбият кардаам.
Ба назди Ҷаббор Расулов нарафтанд. 

ОДАМОН ТАҒЙИР МЕЁБАНД

Ибод Файзуллоев муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» таъин шуданд. Аз ин амал Файзулло Ансорӣ хуш буданд, ки шахси бофарҳанге ба рӯзнома омадааст. Адибонро дастгирӣ мекунад. Муддате чанд гузашту силсилаи шеърҳои навашонро интихоб карда, ба идораи «Тоҷикистони советӣ» бурданд. Аз он ҷо хастаҳолона баргаштанд. Аввал ба мо рози дил нагуфтанд. Сонӣ, қариби бегоҳӣ хоҳиш карданд, ки ба қаҳвахонаи «Лола», ки назди кинотеатри «Ватан» буд, дароем. Ба он ҷо ману Шоҳҳайдару ӯ даромадем. Сад граммӣ коняк нӯшидем. Баъд дар яке аз курсиҳои хиёбони ба номи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) нишастем.
Шахсе тарбузи калоне дар китфаш аз дур меомад. Ман гуфтам:
− Муаллим, тарбузи ҳамин шахсро афтонам.
− Чӣ хел?
− Ба мо наздик шуд, аз ҷоям мехезаму калавида ба ӯ дакка мехӯрам. Тарбуз аз дасташ меафтад.
− Не, ин корро накун. Ба умед тарбуз харидааст.
Ман, гарчанде тарбузро аз китфи мард ғалтонданӣ набудам, вале ҳис кардам, ки Файзулло Ансорӣ ин амали маро ҷиддӣ меҳисобанд, вақти наздик омадани мард, аз ҷоям нимхез шудам. Файзулло Ансорӣ сахт аз доманам доштанд. Марди тарбуздор гузашта рафт.
− Ман ба шумо як гапро нагуфтам.
− Чӣ гап, муаллим? – пурсид Шоҳҳайдар.
− Ба назди Ибод Файзуллоев рафта будам. Чанд шеър бурдам. Хеле тағйир ёфтааст. Бо сардӣ маро истиқбол гирифт. Шеърҳоямро ҳатто нахонд. Аз дастам гирифту рӯи мизаш монд.
− Серташвиш будааст, − гуфтам ман. – Фурсат ёфта мехонад.
− Аз муомилааш маълум.
Аз ҳамон силсила ягон шеър дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп нашуд.

***

Боре аз Бӯриниссо Бердиева ҳам ранҷиданд:
− Чанд сол боз ба идорааш нарафта будам, − гуфтанд. – Ду-се шеър гирифта ба наздаш даромадам. Медонед, чӣ гуфт? Гуфт, ки шумо, панҷакентиҳо, чаро ҳамаатон шеърҳоятонро ба газетаи «Маориф ва маданият» меоред. Ба дигар газетаҳо ҳам баред!
Аз дастам шеърҳоямро нагирифт.

 

ТӮЙИ ДУХТАРИ АБДУЛЛО ЗОКИРОВ

Сармуҳаррирамон Абдулло Зокиров ҳамаамонро ба тӯй даъват кард. Ба банда супориш дод, ки устод Боқӣ Раҳимзодаро ба тӯй биёрам. Ман ҳуҷҷати ронандагӣ надоштам. Ба бародарам Амиршоҳ муроҷиат кардам, ки ба сари ҷилави мошин нишаста, ин хоҳиши сармуҳаррирамонро ба ҷо орад. Тӯй дар ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) мегузашт. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Азизов бо Абдулло Зокиров пайванди хешӣ бастанӣ буд.
Рӯзи тӯй, баъд аз чошт мо: Файзулло Ансорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, ман, Амиршоҳ дар сари ҷилав ба хонаи устод Боқӣ Раҳимзода рафтем. Устод огоҳ будаанд. Ба мошин нишастанд. Дар курсии пеш. Хуш будем, ки устод ҳамроҳи мост.
Боқӣ Раҳимзода аҳволи ҳамаамонро пурсиданд. Баъд гуфтанд, ки чаро Равшаншоҳ дар сари ҷилав нест?
Ба ҷои ман Файзулло Ансорӣ гуфтанд:
− ГАИ ҳуҷҷати ронандагии Равшаншоҳро гирифтааст.
− Ба ман нагуфтед?
− Шуморо ташвиш надиҳем, гуфтем.
− Чӣ ҷои ташвиш. Ҳозир дар ГАИ ошноҳои бисёр дорам.
− Хайр, пас аз тӯй маслиҳат мекунем.
− Ба наздам биё, − гуфтанд Боқӣ Раҳимзода. – Шарм надор.
Бояд гӯям, ки пас аз тӯй ҳам ман ба назди устод барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагиям нарафтам. Ба ин корҳо ҳамроҳ кардани устодро аз рӯи одоб надонистам.
Файзулло Ансорӣ ва Боқӣ Раҳимзода аз шеъру шоирӣ сухан мегуфтанд. Баъзе лаҳзаҳою сафарҳояшонро ба хотир меоварданд. Вақте ки мошин аз шаҳр баромада, ба гардиши ноҳияи Ленин расид, дидем, ки он ҷо ҳаҷвнавис Бурҳон Ғанӣ истодааст. Мошинро манъ карда, аз ӯ пурсидем, ки куҷо меравад?
Гуфт:
− Ба тӯй меравам, тӯи Абдулло Зокир, ба маркази ноҳияи Ленин.
Файзулло Ансорӣ гуфтанд:
− Мо ҳам ба он ҷо меравем, ба мошин шин.
Бурҳон Ғанӣ нишаст. Акнун сӯҳбат аз шеърхонӣ ба латифагӯӣ табдил ёфт. Бурҳон латифа мегуфту мо ҳама механдидем.
Оқибат ба тӯйхона расидем. Одами бисёре. Қариб ҳазор нафар. Раста-раста нишастаанд. Боқӣ Раҳимзодаро аз мо ҷудо карда, дар раёсати тӯй шинонданд ва раисии тӯйро ба зимааш гузоштанд. Моро ҳам ба хотири он ки ҳамроҳи Боқӣ Раҳимзода омадаем, аз ҳад зиёд меҳрубонӣ мекарданд. Ба ин фаровонӣ, ба ин тартибу низом кам тӯеро дида будам.
Тӯй дер давом кард. Соат аз 12 шаб гузашт. Устод Боқӣ Раҳимзода сухан мегуфтанд. Файзулло Ансорӣ ҳамроҳи мо нишаста буданд. Ба ғайр аз Амиршоҳу  Бурҳон Ғанӣ ҳама сархуш будем. Равшан буд, ки то тӯй ба охир нарасад, мо хеста наметавонем. Устод Боқӣ Раҳимзода раиси тӯянд.
То хатми тӯй нишастем. Пас соҳибони тӯй моро бо хушӣ гусел карданд.
Устод Боқӣ Раҳимзодаро ба хонаашон овардем. Ҳарчанд бевақт шуда бошад ҳам, ҳамаамонро ба хона хонданд. Аъзои оилаашон бедор ва интизори баргаштани устод буданд. Нишастему устод ба ҳамаамон нигариста гуфтанд:
− Амиршоҳ куҷост?
− Даруни мошин монд, − гуфтанд Файзулло Ансорӣ.
− Гӯед биёяд.
Амиршоҳ ҳам омад. Зуд дастархон боз карданд. Чойи гарм оварданд. Як пиёлагӣ чой гирифтем. Пас устод Боқӣ Раҳимзода ба мо иҷозати хестан доданд.
Вақте ба мошин нишастем, Файзулло  Ансорӣ гуфтанд:
− Чӣ инсони шарифе. Кош ҳамаи адибон ҳамин тавр мебуданд.

ДОСТОНИ «ВАХШ»

То ҳол достони калонҳаҷми Файзулло Ансорӣ «Вахш» ба табъ нарасидааст. Пораҳои ин достонро ба мо чандин бор хонда буданд. Достон дар сифати кишварамон – Тоҷикистон буд. Ҷо-ҷо таҳрир шуда. Пурсидам:
− Кӣ хондааст?
− Устод Мирзо Турсунзода. Эродҳояшонро ислоҳ мекунам.
− Бисёранд.
− Не. Вале гуфтанд, ки баъзе лаҳзаҳояшро боз ҳам бақувват кун.
− Ин корро, устод, зуд ба ҷо оред.
Файзулло Ансорӣ ба сӯям маънидор нигаристанд. Баъд гуфтанд:
− Вақту хотири ҷамъ лозим, додарам…

РУХСАТӢ

Имрӯз, ки ман хотираҳоямро дар бораи Файзулло Ансорӣ менависам, аз вафоташон 29 сол гузаштааст. Албатта, бисёр воқеаҳо, сӯҳбатҳо аз хотир фаромӯш шудаанд. Агар нанависем, умуман аз ёдҳо мераванд. Вақтҳои охир, моҳҳои январу феврали соли 1980, Файзулло Ансорӣ гоҳ-гоҳ аз бепулӣ шикоят мекарданд. Ба рухсатӣ рафтанашон ногаҳон буд. Рӯзе ба мо гуфтанд, ки ба рухсатӣ мераванд. Пас аз се рӯз ба наздамон боз омаданд. Қариби соати даҳ буд. Ба ҳама салом карданд ва паси мизи кориашон нишастанд. Шоҳҳайдар серкор буд, чизе менавишт. Ба ӯ Файзулло Ансорӣ гуфтанд:
− Шоҳ, сарро бардоред.
Шоҳҳайдар сар бардошту боз ба кори худ машғул шуд. Ману Ҳадиса Қурбонова ба Файзулло Ансорӣ менигаристем, ки чӣ мегӯянду бо чӣ мақсаде ба идора омадаанд. Аммо дигар ҳарфе назаданд. Аз қутии миз дастхатеро гирифта, ба ман гуфтанд:
− Мулло Равшан, маро гусел кунед.
Ҳарчанд ман ҳам серкор будам, натавонистам, ки ин хоҳишро рад кунам. Аз ҷоям хестам, то беруни бино баромадем. Хостам ки даст дода хайрухуш намоям, вале Ансорӣ гуфтанд, то Олами кӯдакон маро бар. Дар роҳ арз карданд, ки ба Панҷакент рафтаниянд. Чанд  сол мешавад, ки он ҷойҳоро надидаанд.
− Ҷиянҳоро хабар гирам, имкон  бошад, камтар пул қарз диҳанд, то чопи китоби навам.
Ба Олами кӯдакон расидем, хостам бозгардам.
− То хонаи «Кинохроника» ҳамроҳ меравем. Аз он ҷо ман ба троллейбус мешинам.
Рафтем. Файзулло Ансорӣ ба троллейбус нанишастанд. Ба ман хайрухуш карданд.
Ба идора баргаштам. Пас аз се рӯз хабари нохуше расид: Файзулло Ансорӣ дар зодгоҳаш деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент аз дунё даргузаштааст.
Ҳама афсӯс хурдем, ҳама мотам гирифтем. Ба маросими дафнаш Абдулло Зокиров рафтанд.
Мизи кориашон чанд вақт холӣ монд. Касе напурсид, ки аз ӯ дар қуттиҳои миз чӣ мондаасту чӣ не.
Файзулло Ансорӣ ҳоло ҳам дар назари ман дар сафар аст. Фикр мекунам, ки аз зодгоҳаш барнагаштааст.
Дар таъзияи шоир, устод  ва ҳамкорам Файзулло Ансорӣ чанд саҳифа дарди дил навиштаму ба ҳафтавори «Маориф ва маданият» бурдам. Сармуҳаррир Бӯриниссо Бердиева гуфтанд:
− Чӣ, Ансорӣ танҳо шоири Панҷакент аст. Баред, дигар рӯзномаҳо ҳам чоп кунанд.
Ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бурдам. Нур Табаров сармуҳаррир буданд. Аз дастам гирифтанд, вале чоп нашуд. Ин таъзияномаро ба хонандаи гиромӣ пешкаш мекунам. 

ОФТОБ ДАР РОҲ

Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,
Аз оби дида пурс, ки ӯ  тарҷумони мост.

Вай аз 21 апрели 1980 рухсатӣ баромада буд. Пас аз се рӯзи гузаштани рухсатӣ боз ба идора омад. Ба мисли ҳарвақта чои №95 дам кард. Ним соат бо мо сӯҳбат намуд. Сонӣ аз ҷояш хеста, ба ман гуфт:
− Равшан, маро гусел кун!
Мо ба берун баромадем. Дар роҳ ба ман арз кард:
− Нияти ба Панҷакент рафтан дорам. Як хешу табор ва ҷиянҳоро хабар гирам мегӯям. Чанд сол боз нарафтаам. Сонӣ баргашта меояму ба кори эҷодӣ машғул мешавам. Достони «Вахш»-ро тамом кунам мегӯям. Опера ҳам нотамом аст. Боз чанд чизи дигар…
Аз ин сӯҳбат се рӯз нагузашта хабари мудҳише дилҳои моро ба мисли теғи обдор пора-пора кард. Файзулло Ансорӣ ногаҳон вафот кард. Офтоби орзуҳои ӯ дар ними роҳ монд…
Файзулло Ансорӣ солҳои охир нақшаҳои зиёди эҷодӣ дошт. Бисёр менавишт, аммо хеле кам чоп мекард. Рӯзе набуд, ки як ё ду шеър нанависад. Шеърро ҳеҷ гоҳ намесохт. Бо як нишаст менавишт. Баъзан бадоҳатан як байт ё ду байт мегуфт.
Боре дар хонаашон дар назди машинкаи чопи чанд шеъри наве ба назарам расид:
− Шеърҳои нав-ку? – гуфтам ба ӯ.
− Чӣ гумон мекунед, ки ман хомӯш меистам. Шоир хомӯш истода наметавонад.
19 апрели 1980 пас аз хатми  ҳашари умумихалқӣ, ба кабинет даромаданд, каме ба фикр фурӯ рафтанду сонӣ аз қуттии мизашон маҷмӯаи «Тӯй барпо нашуд»-ро бароварда, пасу пеш варақ задан гирифтанд. Баъд ба ман нигариста гуфтанд:
− Ҳамин китоби маро хондаед?
− Хондаам! – мухтасар ҷавоб додам ман.
− Достони «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй»-ро чӣ?
− Хондаам!
− Ҳамин достонро боз як бор хонед.
Ман дигар чизе нагуфта китобро аз дасташон гирифтам ва ба мутолиаи достон аз сари нав шурӯъ кардам. Он кас ба берун баромада, тахминан пас аз 30-35 дақиқа боз даромаданд.
− Достони нағз, − гуфтам ман.
− Дар асоси ҳамин достон пйеса навиштаниям. Намедонам, мешуда бошад ё не.
− Мешавад, − гуфтам ман.
− Ба Вазорати маданият дархост нависам, қабул мекарда бошанд?
Намедонам, ба вазорат дархост навиштанд ё не. Аммо пиеса нонавишта монд.
− Аз ӯҳдаи комедия намебароям, аммо орзу дорам, ки мисли устод Сотим Улуғзода ягон драмаи таърихӣ нависам. Инро сонитар менависам. Ҳоло ҷавон гуфта эрод гирифтани баъзеҳо мумкин…
Оре, Файзулло Ансорӣ дар дил орзуҳои бисёре доштанд ва ҳамаи онро бо тадриҷ ба рӯи коғаз бароварда, ба хонандаю тамошобин пешкаш карданӣ буданд, аммо, афсӯс, сад афсӯс, ки дар айни камолоти эҷодӣ аз миён рафтанд.
Бо марги ногаҳонии Файзулло Ансорӣ адабиёти тоҷик як драматург ва шоири баркамолро аз даст дод, ҷавонон устод ва муаллими нуктасанҷеро гум карданд. Ёру дӯст бе шамъи маҳфиле монданд…
Равшан Ёров, 1980

 Моҳи марти соли 1991 ҷашни 60-солагии Файзулло Ансорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҷлил шуд. Аскар Ҳаким баранда буд. Дар ҳақи адиб суханҳои неке аз ҷониби дӯстон, шоирон, нависандагон гуфта шуд. Ҳама афсӯс мехӯрданд, ки ҷавон рафт.
Баъдҳо Ҳукумати ноҳияи Панҷакент иқдоми неке гузошт. Мукофоте ба номи Файзулло Ансорӣ таъсис дод. Чанд кас барандаи он шуданд.
Вале мебинам, ки то имрӯз асарҳои мунтахаби (аз Куллиёт гап намезанем) Файзулло Ансорӣ чоп нашудааст. Зарур аст, ки рӯи навиштаҳои ӯ, ки ганҷинаи бебаҳои фарҳанги тоҷик аст, биандешем.

Моҳи ноябри соли 2009

 



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »