Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ЗЕБОИИ ҲАЁТ



Дил агар пойбанди ишқ шавад,
Не ба кас тоқатест, не ором.
Рӯз бо фикри васли ёр равад,
Шаб – ба сар сад хаёлу хоб ҳаром.

Гоҳ хурсандие ба кас орад,
Гоҳ хашму ғазаб ва гоҳе рашк.
Гоҳ бо завқу ханда бигзорад,
Гоҳ орад ба дида қатраи ашк.

Дер боз аст ин, ки медонам,
Шодию ғам, ғаму нишот дар ишқ.
Лек аз он ҳеҷ рӯ нагардонам,
Чунки зебоии ҳаёт дар ишқ!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »