Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ТӮҲФА



Ин боди баҳор мевазад роҳатбахш,
Бо меҳри диёр мевазад роҳатбахш.
Аз фатҳу зафар муждарасонӣ дорад,
Бе сабру қарор мевазад роҳатбахш.

Дарёчаи шӯхи кӯҳии пуртуғён
Ҷорист ба сӯи киштзору майдон.
Аз шар-шару мавҷи он ба дил кайфи навест,
Роҳат барад аз ҳавои он дар тан ҷон…

Ду духтари мӯсиёҳи рухсорасафед
Биншаста ба зери сояи салқини бед,
Бо шавқи калон сӯзанидӯзӣ доранд,
Ҷо карда ба дил ҷаҳон-ҷаҳон ишқу умед.

Инҳо на мудомӣ сӯзанидӯзонанд,
Балки ду ҳаваскор – ду мактабхонанд.
Аммо ба сифат диққати хосе дода,
Дар кори худ он қадар бино мемонанд.

З-абрешими дасти тоҷикон тофтагӣ,
Дар рӯи матои тоҷикон бофтагӣ,
Дӯзанд аҷаб манзараҳое, ки ҳамон
Дар давраи нав ҳусни наве ёфтагӣ.

Кӯҳу дараҳои дилкашу зеборо,
Дарёчаи кӯҳии фараҳафзоро,
Бо риштаи абрешимие акс кунанд,
Бинанда дар он дида тавонад моро.

То тӯҳфаи боби мактаб оранд зи худ,
Дороии тоҷикон дар он дӯхта шуд.
Ин тӯҳфаи мактаби ба номи Чехов
Дар ҷашни ҳамин суханвари номӣ буд.

Дар байни гулу манзараҳои тоҷик,
Дар домани кӯҳи босафои тоҷик,
Шуд дӯхта сураташ, ки ин ҳаст ба ӯ
Изҳори муҳаббату вафои тоҷик.

Дар ҷашни калони руҳбахшу фирӯз,
Чун тӯҳфаи ин суханвари номии рус,
Дар мактаби он ба меҳр овехта шуд
Кори хуби ду дугона – ду сӯзанидӯз.

Инак, ана назди руд, дар ҷои баланд,
Чехов ситодааст беҳад хурсанд.
Шояд ба дилаш манзараҳои тоҷик
Илҳоми наву нашъаи нав мебахшанд…

Июни 1954.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »