Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ТУ, ЛЕНИН, ЗИНДАИ ҶОВИД!




Хуш айёме, ки
Аз ту офтоби зиндагӣ афрӯхт,
Тамоми халқи олам дида бо умед сӯят кард.
Дили одам ба даврони ту ишқи тозаро парвард,
Зи меҳрат роҳи мо пурнур гашту қалби аъдо сӯхт.
Ту, Ленин, зиндаӣ ҷовид!

Замини ту саросар бехазону дилкушо гардид,
Замони ту –
Замони илму сидқу шодмонӣ шуд,
Замони ту –
Замони корҳои қаҳрамонӣ шуд,
Ки халқат соҳиби ширинҳаёти бобақо гардид.
Туӣ сарчашмаи уммед!

Суханҳои ту дар ҳар соҳа ҳикматнок, фотеҳ аст,
Ба зидди душманонат теғи душманафкану буррост,
Барои халқ азизу қиммат – он ганҷина дар дилҳост,
Ки бо он ҳар дами умру ҳаёт аз аввалаш беҳ аст,
Ба он даврони мо шоҳид!

Соли 1951.




МУНДАРИҶА | Идома »