Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй

Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй

 
Гулшани поки Ватан покиза аст,
Ҳар ваҷаб хоки Ватан покиза аст.
 
Шаҳрҳои бовиқор арзандаанд,
Деҳаҳои номдор арзандаанд.
 
Мавҷи дарё, авҷи саҳро дилкаш аст,
Сурати имрӯзу фардо дилкаш аст.
 
Кӯҳсорони диёри мо сара,
Водиҳои навбаҳори мо сара.
 
Лек агар  одам набошад дар ҷаҳон,
Аз барои чист ин ҳусни замон?
 
Динаву имрӯзу фардои Ватан,
Бо забони одамӣ доранд сухан.
 
Дар табиат решаи ҳастии мост,
Ки ба истиқбол пайвастии мост.
 
Дил ба дил пайванд мегардад мудом, 
То ки бошад зиндагонӣ бардавом.
 
Аз барои инкишофи рӯзгор
Дар ҷаҳон бодо муҳаббат пойдор!
 
 1.
Дӯст-амак бо модари Доро нишаст,
Вай барои машварат ҳоло нишаст.
 
Гуфт: – Акнун пилларо кардӣ ғиём,
Пул ба пои хеш ояд дар қиём.
 
То набандад он пули сандуқ мағор,
Тӯй бояд дод бар аҳли диёр.
 
Музди кори баччаат ҳам ганда нест, 
Аз Муҳайё келини арзанда нест.
 
Як тараф моён шавему як тараф
То шавад усто Муроди бошараф.
 
Тӯй бинмоем, як тӯи калон,
Ки равад овозааш то осмон.
 
Тӯй додан муддаои модар аст,
Муддаои бехатои модар аст.
 
– Ҳаст дар мобайни кор аммо чигил...
– Мекушоӣ он чигилро мустақил.
 
Пул чу бисёр аст,   аз он ғам махӯр,
Пиллаат ҳамёни пул шуд, кам махӯр.
 
Пахтаи Доро ҳам аз ҳарсола нағз,
Киштзори ӯ гузашт аз жола нағз.
 
Меситонад вай мукофоти калон, 
Ваъдаи сардорҳо бошад бар он.
 
Мешавад Дорои мо мошинсавор,
Ҷони ширин, дастаи пулро барор.
 
Ман ба кирмакҳот хизмат кардаам,
Барги тутро то дарат овардаам.
 
– Сад ташаккур, дастёри беназир,
Ҷома мепӯшед "аз нӯги хамир".
 
Бар қалини духтари усто Мурод 
Меравад пул,  дар гумони ман, зиёд.
 
Чунки илмаш олию кораш калон, 
Ҳам бувад зеботарин аз духтарон.
 
Ман ба ҳар як шарти онҳо розиям, 
Аз барои бахти Доро розиям.
 
– Аз қалин накшо даҳонатро дигар,
Ки шавӣ шарманда дар пеши назар.
 
Ҳавлии усто Мурод, эй бадхаёл,
Нест бозоре барои молу ҳол.
 
То равию духтари ӯро харӣ,
Ҳам ба шаъни одам иснод оварӣ.
 
Аҳду паймони Муҳайё бо писар 
Ҳаст аз садҳо қалин арзандатар.
 
– Ман надонам, як зани нохондаам, 
Ҳуши худ бар урфу одат мондаам.
 
Як сарупо баҳри мулло дӯхтам,
Дигарашро бар қудоҳо дӯхтам.
 
Он тараф – кори шумоён, пирамард.
– Рост мегӯӣ, накаш пас оҳи сард.
 
Бегаҳӣ бо хостгорони зиёд
Меравам бар ҳавлии усто Мурод.
 
– Марҳамат, ман аз паи корам шавам, 
Назди занҳошон худи ман меравам...
 
Дӯст-амак бо модари фарзанди худ
Дафтари иқболи Дороро кушуд.
 
Ин хабар шуд паҳн бар кунҷу канор, 
Хотири Доро шукуфта ғунчавор.
 
Буд, охир, бар имое мунтазир, 
Омадаш он соати рӯзи мунир.
 
Ҳам Муҳайё духтури доно шудаст,
Боиси хурсандии Доро шудааст.
 
Ёд дорад вақти мактаб хонданаш, 
Гул ба гесӯи Муҳайё монданаш.
 
Борҳо вай шатта хӯрд аз пушти ӯ,
Борҳо вай шуд ба усто рӯ ба рӯ.
 
Борҳо бишнид таҳдид аз падар, 
Лек фикри вай нашуд ҷои дигар.
 
Ишқи аввалро ҳимоят кард вай,
Мақсади худро ба каф овард вай.
 
Он Муҳайёи базеби меҳрубон, 
Аввалин духтурзани деҳоташон
 
Муттакову ҳамсари Доро шавад, 
Зиндагонӣ он қадар зебо шавад.
 
Духтури ҳозиқ ки омад,  баъд аз ин
Ранҷу дардеро набинад ин замин.
 
Дар сари рули трактори даванд 
Месарояд аз фараҳ Доро баланд:
 
"Эй Муҳайё, эй табиби ҷони ман, 
Шодии ман, бахти ман, имони ман.
 
Аз қудумат водии ман боғ шуд, 
Аз қудумат пурсафо майдони ман.
 
Аз қудумат пахтазорам авҷ ёфт, 
Чун туӣ ояндаи тобони ман.
 
То кашидам интизории зиёд,
Омадӣ, эй ғунчаи хандони ман?
 
То абад бошам кунун Дорои ту,
Эй Муҳайё, дарди ман, дармони ман.
 
Вахши дил-афрӯз менозад басо, 
Ки ғуборе нест дар паймони ман".
 
Ин суруди беғаши дилбохта
Рафт саҳроро баҳорон сохта.
 
Бар Муҳайё муждаи ёрӣ расонд,
Бар дари ЗАГС омаду истода монд.
 
Модари Доро шунид ин созро,
Дӯст-амак бишнохт ин овозро...
 
 2.
Аз Душанбе меҳмонҳо омаданд,
Меҳмонҳои Муҳайё омаданд.
 
Меҳмонҳо омаданд аз Исфара,
Бо умеду орзуҳои сара.
 
Меҳмонҳо аз Бухоро омаданд,
Бо суруди "Ёр-ёр-о" омаданд.
 
Аз Хуҷанди бостон ҳам омаданд,
Аз Ҳисори шодмон ҳам омаданд.
 
 
Аз Бадахшон Найшакар парвоз кард, 
Пардаи тори вафоро соз кард.
 
Бо Муҳайё ҳамраҳ онҳо хондаанд, 
Ки ба ҳам маҳкам муҳаббат мондаанд.
 
Метавонист ӯ наояд ин саҳар, 
Бе Муҳайё буд тӯи Найшакар.
 
Лекин омад, қаҳр охир норавост, 
Дар Муҳайё нест айб, айби ҳавост.
 
То Душанбе рафтаву дар банд монд,
Се шабу се рӯз нохурсанд монд.
 
Баста буданд роҳи ӯро абрҳо,
Аз Душанбе гашта омад вай қафо.
 
Пас ба номи Найшакар мактуб кард, 
Бар ҳаёташ орзуи хуб кард.
 
Духтари помирии оина-дил
Аз ҳавои рӯзи тӯяш шуд хиҷил.
 
Чун Муҳайё муждаи тӯяш расонд, 
Найшакарро зуд бар кӯяш расонд.
 
Мӯсафедон гуфта ин ҳарфи накӯй:
"Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй!"
 
Омаданд аз ҳар канору ҳар тараф
Дӯстони қадрдони бошараф.
 
Меҳмонҳо, меҳмонҳо омаданд, 
Меҳмонҳои Муҳайё омаданд.
 
Вай, ки дар шаҳри Душанбе хондааст, 
Решаи меҳраш ба ҳар сӯ рондааст.
 
Хонда шаш соли расо дар институт
Дӯстони бовафо афзун намуд.
 
Духтари як деҳаи Вахши куҳан
Духтури арзандае шуд дар Ватан.
 
Дар Душанбе хостгорон дошт вай,
Ошиқони резаборон дошт вай.
 
Мегирифт ӯ номаҳои беҳисоб, 
Худ намегардонд ҳеҷ аммо ҷавоб.
 
Шубҳае доред агар бар ин сухан, 
Найшакар шоҳид ба ин гуфтори ман.
 
Як мисоле оварам аз он замон: 
Курси сеюм, дарсҳо ҳам буд гарон.
 
Нимаи сол, имтиҳонҳо ҳам зиёд, 
Бар Муҳайё Найшакар як нома дод.
 
Гирду атроф одами дигар набуд, 
Лек якбора Муҳайё сурх шуд,
 
Ларзае бигрифт аъзои варо:
– Найшакар, – гуфто, – хат овардӣ чаро?
 
Одатамро ту намедонӣ магар?
– Хуб медонам, вале гир ин сафар.
 
Бениҳоят илтиҷо кард он ҷавон, 
Ки "хатамро бар Муҳайёҷон расон!"
 
Шояд ин ҷо аз муҳаббат ҳарф нест,
Хондаву бин, ки муродаш аз ту чист?
 
– Не, намехонам, азизам Найшакар, 
Фикру ёди ман бувад ҷои дигар...
 
Он хати нохондаи панҷоҳумин
Ногаҳон афтод болои замин.
 
Найшакар бардошт онрову бибурд, 
Бар ҷавони ноумед аз нав супурд.
 
Баъди он дигар наомад номае, 
Он ҷавон ҳам шуст дил аз хомае.
 
Соли дигар рафт бар шаҳри дигар. 
То Муҳайёро набинад дар назар.
 
Ҷои хонданро иваз карду валек
Буд бо дарди Муҳайё вай шарик.
 
 
Ҳар қадар бигзашт аз байн солҳо,
Тӯйҳо карданд хуш-иқболҳо,
 
Дар қатори меҳмонҳои банур 
Он ҷавон ҳам омадаст аз роҳи дур.
 
Лек худро ноаён медорад ӯ,
Ки нагардад бо Муҳайё рӯ ба рӯ.
 
Вай фақат аз як каноре диданист,
Ки рақиби вай – ҳамин домод кист?!
 
3.
Дар табиат одамон ҳархелаанд, 
Соддаву равшандилу пурҳилаанд.
 
Он яке дорад хаёли дигарон, 
Ки муборак бод ҳар як рӯзашон.
 
Он яке дорад ба дил сад кинае,
Ки бубинад доғ дар оинае.
 
Он яке дар кор мебинад мурод,
Одамонро дӯст медорад зиёд.
 
Он якеро худпарастӣ одат аст,
Ки сазовори ҳазорон миннат аст.
 
Хуб медонам, ки дар Вахши баҳор
Нестанд аз одамони нобакор.
 
Иттиҳоди тоҷику ӯзбеку рус 
Карда ин ҷоро накӯ аз ҳар хусус.
 
Монда бошад гар ягон аз хору хас,
Бар фанояш як шамоли ҷома бас!
 
Ин саҳар чун меҳмонҳо омаданд, 
Меҳмонҳои Муҳайё омаданд.
 
Омаданд аз тарфи дигар ҳам қатор
Одамони навҷавони туйдор.
 
Ҳавлии вай дар канори деҳа аст, 
Дар канори пахтазори деҳа аст.
 
Марди деҳқони асил аст ин ҷавон,
Номи Доро дораду Доронишон.
 
Баъди хатми синфи даҳ дигар нахонд, 
Механизатор шуда дар кор монд.
 
Чун ҷавонн пахтакоре буд вай,
Ёфт шӯҳрат аз ҷадалҳо зуд вай.
 
Мегузаштанд аз паи ҳам солҳо,
Тӯй мекарданд хушиқболҳо.
 
Ҳам падар, ҳам модари Доро аз ин 
Мешуданд албатта ҳар боре ҳазин.
 
Борҳо иғво биёмад дар миён,
Ки ба Доро буд ин бори гарон.
 
Борҳо вай тӯҳматҳо ҳам шунуд, 
Ки "надорад мардие андар вуҷуд!"
 
Пушти сар партофт ҳар як таънаро, 
Бар падар, бар модараш кард илтиҷо,
 
Ки "маро монед бо аҳволи худ, 
То Муҳайё ҳаст дар ҷону вуҷуд!
 
Додаам аҳде ба вай вақти гусел,
Мепарастам меҳри вайро ман ба дил!"
 
"О, Муҳайё хонда, духтур мешавад,
Бар каси нохонда манзур мешавад?"
 
"Мешавад ё не, намедонам ҳанӯз, 
Интизораш рӯзу шаб монам ҳанӯз.
 
Бо хаёлаш кори ман дорад ривоҷ, 
Бар каси дигар надорам эҳтиёҷ!"
 
Баъди ин гуфтор модар, ҳам падар
Ҳукмро доданд бар дасти писар.
 
Тирамоҳи соли сеи кори худ, 
Ин ҷавонмарди накӯ хурсанд шуд.
 
Сесаду панҷоҳ тонна пахта чид,
К-аз Муҳайё номаи табрик расид.
 
Байни се сол ин нахустин нома буд,
Дар дили Доро аҷаб ҳангома буд.
 
Ин нахустин номаи табрики ёр, 
Омад, охир, баъди кори пурбарор.
 
Ҳар қадар аз ишқ дар он гап набуд, 
Қалби Доро бениҳоят месуруд.
 
Ин ишорат, ки вафодор аст вай, 
Ҳам ба қавли худ бақодор аст вай.
 
Байни онҳо номабозиҳо набуд, 
Хешро ошуфтасозиҳо набуд.
 
Аҳдашон доим ниҳон медоштанд, 
Бовариро достон пиндоштанд.
 
Буд кофӣ як ишорат баҳрашон, 
Ки бидонанд сидқ доим дар амон...
 
Дар газети марказӣ соли дигар
Сурати Дорои мо шуд ҷилвагар.
 
Зери он бинвиштагӣ: "Ин баччамард
Ҳосили арзандаро идона кард.
 
Қавли ӯ яктову кораш ҳам накӯст,
Офарин бодо ба ту, Дорои Дӯст!"
 
Дида инро шуд Муҳайё шодком,
Кард Дороро фузунтар эҳтиром.
 
Рафтаву бигрифт аз дӯкон газет, 
Панҷ адад якборагӣ аз он газет.
 
Найшакар аз як каноре дида монд,
Пас Муҳайёро ба назди худ бихонд:
 
"Ҳо, Муҳайёҷон, канӣ, ин сӯ биё, 
Ин қадар бишкуфтаӣ, охир, чаро?
 
Чанд адад аз як шумора дар барат? 
Чӣ хаёл омад ба ногаҳ дар сарат?
 
"Панҷ адад ҳаргиз нагӯ бар дигарон".
"Панҷ адад? Бо нияти панҷ аст он?"
 
"Шояд ин сон нияте ҳам кардаам, 
Сурати Доро ба каф овардаам".
 
...Воқеан, он рӯз вақти имтиҳон, 
Шуд Муҳайёро насиба панҷ аён.
 
Найшакар он рӯзро дорад ба ёд, 
Ишқи ботин ҳаст худ олинажод!..
 
Дар газети тандурустӣ як замон 
Дарҷ шуд расми Муҳайё ҳам калон.
 
Почтаи деҳотро Доро бикофт, 
Папҷ адад аз нусхааш Доро биёфт.
 
Баъди ои Доро чунон ҳам кор кард, 
Халқро аз хеш миннатдор кард.
 
Музди кораш як сабукрав тӯҳфа шуд, 
Раҳмату эҳсони нав-нав тӯҳфа шуд.
 
Аз Муҳайё номаи дигар расид, 
Ки сараш бар пояи ахтар расид.
 
Мегузаштанд аз паи ҳам солҳо, 
Тӯй мекарданд хуш-иқболҳо.
 
Лек Дорову Муҳайё то ба ҳол
Рӯ ба рӯ сӯҳбат накарда бемалол
 
Омад акнун он замонӣ бошараф, 
Меҳмонҳо омаданд аз ҳар тараф!..
 
4.
Дил зи дилбардор мефахрад аҷаб, 
Номи нек аз кор мефахрад, аҷаб.
 
Нақшаи роҳи ҳаёти мустақил 
Мекушояд банд аз ҳар як чигил.
 
Дар дили ҳар фарди дунё ишқ ҳаст,
Дар дили Доро, Муҳайё ишқ ҳаст.
 
Решаи ин ишқ аз мактаб бувад, 
Ҳосили он айни ҳар матлаб бувад.
 
Маълумоти нав-арӯс олист, лек 
Обрӯи навҷавон аз кори нек.
 
 
Дар масофа ишқбозӣ кардаанд,
Дар масофа сарфарозӣ кардаанд.
 
Дар масофа кардаанд онҳо хаёл, 
Мекунанд имрӯз сӯҳбат бемалол.
 
Он яке набзи замин санҷиданист,
Халқро дигар саломат диданист.
 
Кори ҳарду баҳри фардои накӯст, 
Ҳардуро як хел медорем дӯст!
 
...Соҳибони тӯй дар ду хонадон 
Мекунанд, албатта, ҳоло гирумон.
 
 
5.
Дина дар байни қудоҳо баҳс буд, 
Ки маросимро чӣ сон бояд намуд.
 
Як тараф мегуфт: "Бо оини нав 
Бигзарад ин тӯй, ҷони мо гарав.
 
Расму оини куҳан шоиста нест, 
Дар ҳамин бобат сухан шоиста нест.
 
Деҳаҳои водии мо ҳам наванд, 
Боиси рашке ба ҳар ҷо мешаванд.
 
Илми Доро ҳар қадар ҳам кам бувад,
Вай зи авҷи кори худ хуррам бувад.
 
Маълумоти духтари мо олӣ аст, 
Оини нав баҳри вай – хушҳолӣ аст.
 
Марду зан як ҷо нишинанд – ин аҷаб, 
Мекунад инро замони нав талаб!"
 
Як тараф мегуфт: "Бобоёни мо 
Мешаванд оё ба ин оин ризо?
 
Марду зан як ҷо нишинад – хуб нест,
Ҳавлии ҳамсояҳо аз баҳри чист?
 
Ҳар чӣ бошад ҳам, мусулмонзодаем, 
Мо ба фарзандонамон ҷон додаем.
 
 
Розӣ гардидем бар изни писар, 
К-интизори тӯй будем ин қадар.
 
Синни Доро ҳам ба ҷое рафта монд, 
Вай дигар ҷо хостгоронро намонд.
 
Тӯй бо изни калонсолон шавад, 
Ки дили бинандаҳо шодон шавад.
 
Ҳар чӣ ояд аз шариат – он савоб,
Гуфтаанд авлодҳомон дар китоб!"
 
Як тараф мегуфт: "Ин тӯи калон 
Мешавад арзандаи давру замон.
 
Усталу устол мемонем қатор, 
Марду зан як ҷо нишинад! Ин қарор!
 
Духтари мо ҳаст узви комсомол, 
Ҳамраҳи Доро нишинад бемалол.
 
Навҷавонон хандаву бозӣ кунанд, 
Келину домодро розӣ кунанд.
 
Ман қалин даъво накардам аз шумо, 
Ки шавед аз ин ҷиҳат бо мо ризо!"
 
Модари Доро ба ҳайрат монда рафт, 
Дар сараш фикри шариат монда, рафт.
 
 
6.
Ҳавлии Доро. Даромад модараш, 
Як ҷаҳон фикру хаёле дар сараш.
 
Шавҳарашро кард ҳатман вай суроғ, 
Ёфт ӯро зуд аз як кунҷи боғ.
 
Гуфт: – Ҳо, мардак, биёед зудтар, 
Ки расонам бар Шумо ман як хабар.
 
– Марҳамат, гап зан канӣ, гӯшам ба ту.
– Тӯи усталдорро мехоҳад ӯ.
 
Марду зан як ҷо нишинад, гуфт вай,
Духтарашро ҳар кӣ бинад, гуфт вай.
 
 
– Ман муқобил нестам бар ин, занак, 
Аз замона бохабар ҳастам камак.
 
Телевизорро намебинӣ магар, 
Ки ҳаросон гаштаӣ аз ин хабар.
 
Марҳамат, як ҷо нишинанд одамон, 
Тӯи Доро мешавад кори калон.
 
Водии Вахш омадему соз шуд, 
Серию пуриамон оғоз шуд.
 
Тӯи моён дар Қаротегин гузашт, 
Ёд дорӣ, бо ҳама оин гузашт.
 
Ҳастии худ бар қалинат додаам, 
Ғаллаву боғу заминат додаам.
 
Баъди тӯят бар худам чизе намонд, 
Чун муҳоҷир омадам бар ин макон.
 
Эй занак, мақсуди манро ту бидон,
Бар қалинхоҳон намехоҳам амон.
 
Мустафо, ки дидияш мошинсавор, 
Бар қалин бигрифт онро нобакор.
 
Шукр кун ту, он тараф доно қудост, 
К-аз ману ту донаеро ҳам нахост.
 
Аз ҳамин рӯ, бо қудоҳо розиям, 
Ман ба ҳар як шарти онҳо розиям.
 
– Мардак, аз дину шариат рӯ натоб, 
Дар ҷаҳаннам мекашӣ, охир, азоб!
 
Ҳар чӣ бошад ҳам, мусулмонзодаӣ, 
Аз чӣ бар онҳо ту имкон додаӣ?
 
Аз қалин рӯ тофтан – ин дигар аст,
Рӯҳи авлодони ман – ин дигар аст!
 
Оташин шуд Дӯст-амак аз ин сухан, 
Ки нигоҳ бинмуд бо хашме ба зан.
 
– Боварам омад, ба хун хун мондааст, 
Хуни авлодат ба ту чун мондааст?
 
Буд бобои ту муллои калон,
Мондааст аз вай ба ҷони ту нишон.
 
Ман, ки зотан марди деҳқонзодаам, 
Бар ҳамин гап аҳмият нододаам.
 
"Ақли чӯрӣ баъди пешин" – гуфтаанд, 
Рост омад ин сухан дар боби ман...
 
Шукри даври нав, ҷавонҳо босавод, 
Гашта бозори диёнат ҳам касод.
 
Духтарон аз зулму истибдод дур, 
Ки замину осмон ҳам шуд банур.
 
Тӯйҳо ҳам ихтиёрӣ мешаванд, 
Бо русуми дӯстдорӣ мешаванд.
 
Интизор истод Доро ин қадар,
Оқибат омад Муҳайё пурзафар.
 
Илми Доро "кам" нагуфт, охир, занак,
Аз замона бохабар ҳастам камак.
 
Мактаби олии инсон ишқи ӯст, 
Шуд муяссар бар ҳамин Дорои Дӯст.
 
Номи ман бо номи фарзандам дигар 
Мешавад дар ҳар маросим ҳамсафар.
 
"Корҳои кӣ сара? – Дорои Дӯст! 
Шартро кӣ мебара? – Дорои Дӯст!
 
Кӣ ба аҳдаш бовафо? – Дорои Дӯст! 
Нақшаи кӣ бехато? – Дорои Дӯст!.."
 
Модари Доро аз ин ҷӯшу хурӯш
Назди шавҳар мондааст лолу хамӯш.
 
Вай намедонад чӣ гӯяд дар ҷавоб,
Дар куҷо шуд фикраш аз роҳи савоб?
 
Хайр, бар загсаш муқобил нест вай,
Инчунинашро, ки медонист вай.
 
Гар набошад қоғази загси касе, 
Як замоне мешавад мушкил басе.
 
Аз ҷамоат ҳучҷате гардад зарур, 
Бе ҳамон коғаз набидҳандат ба зӯр.
 
Шарти дигар ҳаст аммо дар миён, 
Нест дар ин деҳаи мо хутбахон.
 
Инчунин андеша буд ӯро ба ҳуш, 
Ки ҳамеистод назди шӯ хамӯш.
 
Мардакаш хоҳад агар розист... Хайр! 
Бе "никоҳи шаръӣ" норозист вай!
 
Ман зани нохондаи деҳоту дашт,
Менамоям бар шумо ҳоло гузашт.
 
Лек, аз ҳоло худат дониста мон, 
Ки нахоҳад тӯй шуд бе хутбахон!
 
Ман гузар кардам, ту ҳам андак гузар, 
Рафта муллое ба ин ҷо кун хабар.
 
– Айб ин, Дорост узви комсомол, 
Узви партия қудо... амри маҳол.
 
Ҳам Муҳайё комсомолу духтур ӯ, 
Бори дигар ин суханҳоро нагӯ.
 
Баъд, мулло ҳам дар ин атроф нест.
– Ҷустуҷӯ кун, ҷустуҷӯ, мулзам наист.
 
Шарти ман ин, ки намонам бе никоҳ, 
Ҳар қадар ҳам, ки намоянд оҳувоҳ!..
 
Модари Доро бирафт аз назди шӯ, 
Дӯст-амак шуд бар хаёлоте фурӯ.
 
"Ин зани нофаҳму ин шарти бало, 
Ногуворо менамояд тӯйро.
 
Хуни авлодаш, ки ӯро зад ба сар... 
Меравам назди қудои мӯътабар!"
 
7.
Дӯст-амак бо ташвишу фикри зиёд
Ташриф овард аз дари усто Мурод:
 
– Сарбаландӣ оварад ин рӯзи хайр!
– Бар шумо ҳам, субҳатон бодо бахайр!
 
– Сад ташаккур! Бахташон бинем мо.
– Дар ҳамин андеша ман ҳам, эй қудо!
 
– Норасоӣ нест оё, Дӯстбой?
– Несту кампир каме дар "оҳувой"...
 
Вай ба наздам шарти ношоям ниҳод,
Ки расидам наздатон, усто Мурод.
 
– Хӯш, охир, он чӣ шарте будааст,
Ки Шуморо ташвише афзудааст?
 
Ғайри ЗАГС, охир, тамоми кор ҳал!?
– Эҳ, усто, дар ҳамин бобат мағал.
 
Зан талаб дорад, ки аввал хутбахон
"Қайди шаръӣ" бигзаронад дар миён,
 
Баъди он розӣ шавад бар ЗАГС вай.
– Ман надонам, кундфаҳмӣ то ба кай...
 
Бо шумоён машварат кардем пеш, 
Дар тамоми бораҳо гуфтем беш,
 
Як сухан аз "хутбахон" он ҷо набуд, 
Аз куҷо ин шарти нав пайдо бишуд?
 
Аввалан, мулло дар ин атроф нест, 
Сониян, ин шарт аз инсоф нест.
 
– Рост мегӯеду аммо вай зан аст, 
Худ ба худ нофаҳмии ӯ равшан аст.
 
– Вай нафаҳмад, фаҳми Доро дар куҷост?
– Бехабар ӯ. Модараш дар моҷарост.
 
– Оҳ, ин шарту талаб поёни кор, 
Баҳри духтардор бошад ногувор.
 
Меҳмонҳо, меҳмонҳо омаданд, 
Меҳмонҳои Муҳайё омаданд.
 
Бо умеду орзуҳои сара 
Меҳмонҳо омаданд аз Исфара.
 
Аз Хуҷанди бостонӣ омаданд, 
Аз Ҳисори шодмонӣ омаданд.
 
Аз Бадахшон Найшакар омад расид, 
Ҳаст вай бар духтари ман мӯътақид.
 
Ё мақоли кӯҳнаро нашнидаед? 
Чун шутур дар элаке лангидаед?
 
Рафтаву гӯед бар зан, Дӯстбой, 
Ки намонад пои худро рӯи лой.
 
Шарти худро гашта гирад дар замир, 
Варна гардад қиссаи он моҳигир...
 
 
 8.
Найшакар, он духтари олинажод,
Ҳаст меҳмони Муҳайёи Мурод.
 
Дар канори рӯди Вахш истодааст, 
Ҳушу ёдашро ба водӣ додааст.
 
Домани паҳну фарохи пахтазор
Мебарад аз қалби ӯ гарду ғубор.
 
Дар Бадахшон нест майдони кушод, 
Мардуми он ҷой аммо дилкушод.
 
Тӯи худро вай ба хотир оварад, 
Чашмаи Носир нигоҳашро барад.
 
Пеши чашмонаш ҷавони кӯҳгард,
– Шавҳарашро ногаҳонӣ ёд кард.
 
Гар иҷозат мешудаш аз ҷои кор, 
Ҳамраҳӣ мекард, охир, Навбаҳор.
 
Тӯи водиро тамошо менамуд,
Тӯҳфаҳо ҳам бар Муҳайё менамуд.
 
Мефушурд ӯ дасти Дороро зи ҷон, 
Ҳам ба помирӣ ҳамерақсид он.
 
Дар сурудаш ҷӯр мешуд Найшакар, 
Мегирифт ин тӯй як ҳусни дигар...
 
Наъра зад поезд аз он сӯи рӯд, 
Тори фикри Найшакар ҳам пора шуд.
 
Наъраи поезд дар Вахши куҳан 
Ҳаст эҷоди нави халқу Ватан.
 
Роҳи оҳан дар дили Вахши мунир 
Як нишон аз корҳои беназир.
 
Нақшаи панҷсолаи нӯҳум бувад, –
Мерасад ин роҳ то Ёвонград.
 
Баъд, Дорову Муҳайе сарбаланд
Бо ҳамин раҳ сайри Ёвон мераванд.
 
Мераванд?.. О, модари Доро куҷост?
"Хутба"-хонӣ аз барояш муддаост.
 
Аз дили Доро намегирад хабар,
Дӯстамакро кардааст ӯ дарди сар.
 
Бехабар аз шарт Доро ҳам ҳанӯз, 
Бехабар аз он Муҳайё ҳам ҳанӯз.
 
Бехабар меҳмонҳои дигаранд, 
Бехабар, зеро ба ҷои дигаранд.
 
Найшакар ҳам бехабар ҳоло аз он
Дар канори рӯд дорад гирумон.
 
Бар имо истода он ҷо интизор,
Месарояд вай ба васфи Навбаҳор:
 
"Бо ту ҳастам, бо ту будам, Навбаҳор,
Бишнав оҳанги сурудам, Навбаҳор!
 
Дар канори рӯди Вахши дилписанд 
Аз ту меболад вуҷудам, Навбаҳор.
 
Мерасад пеши назар чун рӯзи тӯй
Хоруғи зебонамудам, Навбаҳор.
 
Ёд овар, аз ҳавои васли ту,
Рӯзи ЗАГС-ам месурудам, Навбаҳор!
 
Бе ту бар тӯи Муҳайё омадам, 
Кун қабул ҳоло дурудам, Навбаҳор!".
 
Найшакарро буд ҳоло рӯҳи ид, 
Аз каноре шарфаи поро шунид.
 
Рӯй он сӯ кардаву вай ногаҳон
Дид Муҳайёро ба ҳоли нотавон.
 
Ҳа, дугона, ин чӣ рангу ин чӣ рӯй? 
Кӯҳ омад бар сарат оё, бигӯй!
 
– Оҳ, ҷонам, меҳрубонам, Найшакар, 
Кӯҳ гуфтӣ, кӯҳ ҳам гап шуд магар?
 
Солҳо дар дил муҳаббат парварам,
Аз Душанбе пок онро оварам,
 
Ман нагирам хешро аз вай баланд, 
Ҳам надонам наздам ӯро мустаманд,
 
Соати тӯю тамошо ҳам расид, 
Ногаҳонӣ бар сари ман ғам расид!?
 
– Вой, ман мирам, чиҳо мегӯӣ ту, 
Бар азо гардад мубаддал тӯи ту?!
 
– Модари Доро сабабгори ғамам, 
Ман зи шарти мондааш дар мотамам.
 
Кардааст ӯ "қайди шаръӣ"-ро талаб, 
Ки шудам аз ин хабар ман дар ғазаб.
 
Орзуям, орзуи беғубор,
Ман магар будам ба ин рӯз интизор...
 
Найшакар, ҷони ману ҳамрози ман, 
Боиси завқи дилу парвози ман,
 
Вақти хондан дастгирам будаӣ, 
Дастгири беназирам будаӣ,
 
Ёд дорӣ, номаи панҷоҳумин,
Ман нахондам, барфикандам бар замин.
 
Ту бигардондӣ варо бар соҳибаш,
Бори дигар аз паи ман вай нагашт?!
 
– Ёд дорам, навҷавони хуб буд,
Дар ғамат ҳар рӯз дар ошӯб буд.
 
Аз Душанбе рафт бо андӯҳу дард, 
Институтро пештар вай хатм кард.
 
Дар куҷое шояд ӯ сардухтурест,
Бар хаёл оварданат ҳоло зи чист?
 
– Бар хаёл ӯро наовардам дигар, 
Дар ҳамин ҷо дидам ӯро, Найшакар.
 
Вай қатори меҳмонҳо омадаст...
– Шояд, аз баҳри тамошо омадаст?!
 
– Дар гумонам, тӯйро ӯ диданист,
Ё ки бар ноомадам хандиданист.
 
Вай ба дил гӯяд, ки: "Рад кардӣ маро,
Бар никоҳи шаръии Доро даро!
 
Ҳар қадар дар мактаби нав хондаӣ,
Лек бинам, дар ҷаҳолат мондаӣ.
 
Ҳайфи номи комсомолӣ бар ту бод,
Ҳайфи касбу илми олӣ бар ту бод!"
 
– Вай чунин ҳаргиз намегӯяд, шунав, 
Ишқ дар покӣ ҳамерӯяд, шунав.
 
Меравем, эй гулпарӣ, осуда бош,
Дар шукӯҳи дилбарӣ осуда бош!
 
Ҳо, бубин, Доро шитобад ин тараф, 
Дорад ӯ садбарги сурхе рӯи каф.
 
Дар бараш ҳам хилъати тӯёна аст.
– Шояд, ӯ ғофил зи шарти хона аст?
 
– Не, Муҳайё, дар қадаммонии ӯ 
Ман бубинам завқи пинҳонии ӯ.
 
Мезанад чун марди ғолиб ӯ қадам, 
Мезанад рӯи кавокиб ӯ қадам.
 
Мезанад чун соҳиби саҳро қадам,
Мезанад бо меҳри беҳамто қадам.
 
Дар сари роҳ он ҷавон пайдо бишуд,
Тӯҳфаеро дод бар Дорот зуд.
 
Он ҷавон аз интнхобат розӣ аст, 
Аз вафои беҳисобат розӣ аст.
 
Иттиҳоди духтуру деҳқон аҷаб, 
Иттиҳоди ду дили тобон аҷаб!
 
Аз замин бӯи муҳаббат мерасад, 
З-осмон бӯи шарофат мерасад.
 
Меравем, дар ЗАГС то шоҳид шавам, 
Шоҳиди овозадори ид шавам.
 
Шоҳиди оғози роҳи нав шавам,
Шоҳиди фардои хушпартав шавам!
 
Сарвати Помирро бахшам ба ту, 
Бахти оламгирро бахшам ба ту!
 
 
9.
Он ҷавонмарде, ки Нусрат номи ӯст, 
Омадаст аз шаҳр рӯзи тӯи дӯст.
 
Як замоне бар Муҳайё ишқ дошт, 
Донаи уммедро дар дил бикошт.
 
Лекин аз он донааш ҳосил наруст,
Аз Муҳайё дастро, дилро бишуст.
 
Ҷои таҳсилро бадал бинмуда рафт, 
Сад ҳазорон ғам ба дил афзуда рафт.
 
Лек чун бишнид аз ин тӯи банур, 
Баҳри табрик омад ӯ аз роҳи дур.
 
Вай ба ин тӯи муборак омадаст, 
Аз табобатгоҳи Норак омадаст.
 
Аз Муҳайё чун ҷавоби рад шунид,
Илтифот аз духтари Норак бидид.
 
Дар ҳамон ҷо манзилу кошона сохт, 
Малламӯеро ба худ ҳамхона сохт.
 
Хоҳари шафқат бувад он малламӯй,
Ҳам ба Нусрат зод як духти накӯй.
 
Номи он духтар Муҳайёхон бишуд,
Ки дили Нусрат басо шодон бишуд.
 
 
Ишқи аввалро набошад интиҳо, 
Ишқи аввалро фақат ҳаст ибтидо.
 
З-ин сабаб Нусрат барои духтараш
Монда номи ёдгори дилбараш.
 
Нусрат омад баҳри табрику салом,
Ҳам бипурсад рухсате аз баҳри ном.
 
Ҳаст дар Норак кунун як духтаре,
Ки Муҳайё ҳаст номи он парӣ.
 
Мешавад вай ҳам калону номдор, 
Дар канори беғубори ин диёр.
 
Лоиқи тӯй он Муҳайё то шавад, 
Баҳри табрик ин Муҳайё меравад.
 
Нусрату Доро ба ҳам доданд даст, 
Ки наёбад дӯстешон то шикаст.
 
Бар Муҳайё Найшакар гуфто чунин:
– Шод бошу рӯзҳои нек бин.
 
Гар писар ёбӣ, азизам, як замон, 
Номи онро бо фараҳ Нусрат бимон.
 
Хондаву донову соҳибдил шавад, 
Соҳиби ин хонаву манзил шавад.
 
– Сад ташаккур, меҳрубонам Найшакар, 
Доимо бошӣ ба дунё мӯътабар.
 
Вақти тангам муттакои ман шудӣ,
Муттакои бовафои ман шудӣ...
 
Бӯсид аз рӯи Муҳайё Найшакар, 
Ки дили Доро шуд аз он пуршарар.
 
Дар канори водии Вахши банур, 
Ҳаст тӯи ду ҷавони бошуур.
 
Он яке Доро – ҷавони пахтакор, 
Он яке духтур Муҳайёи баҳор.
 
Модари Доро чун аз шарташ гузашт,
Офтоб омад ба рӯи кӯҳу дашт.
 
 
10.
Мавҷи дарё, авҷи саҳро дилкаш аст, 
Равнақи имрӯзу фардо дилкаш аст.
 
Дар табиат решаи ҳастии мост, 
Ки ба истиқбол дилбастии мост.
 
Дил ба дил пайванд мегардад мудом,
То ки бошад зиндагонӣ бардавом.
 
Аз барои инкишофи рӯзгор, 
Дар ҷаҳон бодо муҳаббат пойдор!
 
Шуд Муҳайё – духтари озодадил, 
Ҳамраҳи Доро ба роҳи мустақил.
 
Боз чандин тӯй шуд дар ин диёр, 
Дар ҳамин як соати файзи баҳор.
 
Бошарофат меҳмонҳо омаданд, 
Ҷомҳои ғолибиятро заданд.
 
То ки фардо наслҳои босабот 
Ҷонфидо бошанд дар роҳи ҳаёт!
 
Бо ҳамин мақсад, ҷаҳони покрӯй, 
Дӯстонро мерасонад рӯзи тӯй!
 
 
 
Соли 1976, Вахш – Душанбе.