Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

БО ХАЁЛАТ ДАР ФАЗОЯМ



Орзӯи дидани рӯи ту дорам, эй рафиқ,
Бо хаёлат дар фазоям.
Маҳсаворам, эй рафиқ,
Дасти худ сӯи ситора кардаам ҳоло дароз,
Канда онро назди ту чун тӯҳфа орам, эй рафиқ.

Зиндаам аз бӯи гулҳои диёри кӯҳсор,
Ҳаст бо ёди ту зебо рӯзгорам, эй рафиқ.
Барги сабз имрӯз гар шуд зард аз дасти хазон,
Ман саодатманд аз рӯҳи баҳорам, эй рафиқ.

То ту ҳастию дили ман мезанад дар синаам,
Соф ҳастам,
Пок ҳастам,
Беғуборам, эй рафиқ!
Бигзарад аз синаи ман роҳи бахту ишқи пок,
Дар ҳузурат нестам ман,
Беқарорам, эй рафиқ...
Ҳар кӣ дар паҳлӯи худ хоҳад рафиқи некро,
Ман туро чун ёфтам, дар ифтихорам, эй рафиқ.

Доимо бо фикри ту,
Бо фикри ёрони наҷиб,
Мешавад осон ҳама сарбаста корам, эй рафиқ.
Ман аз ин рӯ шодмонам,
Ман аз ин рӯ хушдилам...
Бо хаёлат дар фазоям,
Маҳсаворам, эй рафиқ!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »