Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

БАЛАНДӢ ИН ҚАДАР ҲАМ,


ЭЙ СИТОРА!

Баландӣ ин қадар ҳам, эй ситора,
Баландию ту болӣ аз баландӣ.
Валекин шавқи ман аз ту баланд аст,
Ки назди он ту хело мустамандӣ.

Баландӣ ин қадар ҳам, эй ситора,
Худатро мешуморӣ дастнорас.
Вале дар назди парвози хаёлам
Ту танҳо як намуди пастию бас.

Баландӣ ин қадар ҳам, эй ситора,
Баландиат фақат дар шаб аён аст.
Надорӣ он ҳунар рӯзона тобӣ,
Ки дар ҳукми далерон осмон аст!

Нафахру ҷониби ёрам назар кун,
Баландии ту ӯро дар замин аст.
Валекин ин баландӣ аз ту болост,
Ки ҳосил аз арақҳои ҷабин аст.

Ба рӯи сина дорад у нишоне,
Фақат як шаклаш аз ту иқтибос аст.
Само не,
Додааст онро заминаш,
Ки ӯро ин баландӣ бахти хос аст.

Туро не,
Ман ҳамонро меситоям,
Ки дорад дилбарию дилписандӣ.
Баландӣ ин қадар ҳам, эй ситора,
Вале дар назди ёрам мустамандӣ!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »