Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

РӮЗИ МУБОРАК

Қадаҳ дар тӯи дӯстам



Бинед, чӣ хуш паҳлуи ҳам биншаста,
Ду тозаҷавоне, ки ба ҳам дил баста.
Ду гул зи ду боғи ишқ, аммо, пайваст
Ин ду гули тозаро ба як гулдаста.

Гулдаста, ҳамеша сабзу хуррам бодо,
Дар дидаи дӯстон мукаррам бодо.
Ҳар сол ба он илова гардад гули нав,
Ҳар як гули нав шӯҳрати олам бодо!

Ҳар сол дар ин хона ду-се тӯй шавад,
Монанди арӯс ҷумла хушрӯй шавад.
Аз рӯи муҳаббату вафову дили соф
Ансорӣ ба ҳар тӯй ғазалгӯй шавад!








« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »