Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ШАРШАРА



Канори шаршара, андар иҳотаи кӯҳҳо,
Нишастаам ба сари санги тахтмонанде.
Садои шаршараву мавҷи дилкаши дарё
Фузуд дар дили ман як ҷаҳони хурсандӣ.

Ситода бар дили санге дарахти маҷнунбед
Ба рӯи шаршара хам карда навдаҳояшро,
Магар ҳимоя намояд зи гармии хуршед,
Ба меҳри он ки аз обаш гирифта нашъунамо.

Хушам, ки манзили ман дар миёнаи дара аст,
Насими тозаи кӯҳ аз димоғи ман гузарад.
Ба руди ин дара, бингар, ҳазор шаршара аст,
Ки ҳар як аз дили сад боғу сад чаман гузарад!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »