Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ТУ ҲАМ ХУБӢ



Ватан ин аст – одамонаш хуб,
Боғу саҳрои зарфишонаш хуб,
Кӯҳҳои баланду конаш хуб,
Анбарин боди дилситонаш хуб!

Хубро ҳар ки хуб мегӯяд,
Хубӣ аз кори хуб мерӯяд.

Ҳар касеро, ки рӯ ба рӯ дидам,
Гули боғу канори ҷӯ дидам,
Он чи бо чашм мӯ ба мӯ дидам,
Ҳар чӣ дидам – ҳама накӯ дидам.

Фақат аз ту шикояте дорам,
Ранҷиши бениҳояте дорам.

Борҳо ман шунидам аз ёрон,
Ки ту ҳам хуб ҳастӣ, эй ҷонон,
Лек мебошамат басе ҳайрон,
Чӣ маро менамоӣ саргардон?

Кош фаҳмӣ русуми маҳбубӣ,
Ки бигӯяд дилам:


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »