Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

БУТТАИ ГУЛ



Буттаи гул бираста дар бари ман,
Ки гуле кандан орзӯи ман аст.
Буттаи гул, агарчи дорад хор,
Боиси шавқу обрӯи ман аст.

Ҳо, рақибо, намоӣ андеша,
Ки гулу бутта рӯ ба рӯи ман аст,
...Нози дилбар ба ҷони ман арзад,
Хандааш – ханда нею тӯи ман аст!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »