Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

БОЗ ОМАД САҲАР...



Боз омад саҳару хотири ман шодон аст,
Боз дар боди саҳар бӯи гулу райҳон аст.
Боз кандам гули садбарг, ба сӯи ту барам,
Чунки дар дил фараҳи васлу ғами ҳиҷрон аст.

Ҳар саҳар гул ба кафам, роҳи ту мепоидам,
Ҳар саҳар тозагулеро ба ту мебахшидам.
Ҳар саҳар канда гул, аз шавқ давон мерафтам,
Аз паси пардаи дил чашми туро медидам.

Боз гул дар кафам, аз баҳри чӣ ман истодам?
Ҳо, биёмад ба сарам ҳушу бизад дар ёдам,
Ки ту дар хона ба Ҷовид бипӯшонӣ либос...
Ҷовид омад, гули садбарг ба дасташ додам.

Буд вақте, ки туро рустиву дуздӣ дидам,
Буд вақте, ки сари роҳи ту мепоидам...
Лек имрӯз туӣ модари фарзандонам!..
Ман ба кори худам ин субҳ басо хандидам.

Боз омад саҳару нури ту дар чашмон аст,
Хона пурнур зи хурсандии фарзандон аст.
Боз кандам гулу аммо сари роҳат набарам,
Дар дилам шавқи висолу на ғами ҳиҷрон аст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »