Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

САЛОМ!



Дӯстон, аз Тоҷикистон – аз диёри мо салом!
Аз тамоми водиҳои файзбори мо салом!
Аз насими анбарини кӯҳсори мо салом!
Аз шукуфтанҳои боғу навбаҳори мо салом!

Пеш ҳам дар кишвари мо мебаромад офтоб,
Пеш ҳам аз кӯҳҳои мо равон мегашт об,
Лек аз онҳо халқ андак ҳам намешуд баҳраёб,
Меҳри Маскав шуд аз ин рӯ ифтихори мо, салом!

Ин салом аз офтоби кишвари мо гармтар,
Ин саломе, ки баромад аз дили аҳли ҳунар,
Ин саломи мардуми дар кори худ соҳибзафар, –
Бо садои чангу бо овози тори мо салом!

Бо хати заррин навишта дар китоби дӯстӣ,
Парвариш кардем дар дил офтоби дӯстӣ.
Дӯстон, бо меҳри беҳадду ҳисоби дӯстӣ,
Бар шумо аз ҳастии боғу баҳори мо салом!
1956







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »