Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ОФТОБИ МО



На осон ба даст омадаст ин ҳаёт,
Ҳаёте ки дар ҳифзаш омодаем.
Басе карда ҷонбозӣ баҳри наҷот,
Дар ин роҳ қурбониҳо додаем.

Кунун чун сухан меравад аз диёр,
Зи кишту зи боғоти хушманзара,
Ҳам аз мавҷи дарё, ҳам аз чашмасор,
Ҳам аз маъдани бои кӯҳу дара,

Расад аз ҳама пеш дар ёди мо
Хирадманд партияи раҳнамо!

Раҳи мо барои наҷоти башар
Асоси бақодори маҳкам ниҳод.
Ба ҳар қавми ин мулки соҳибзафар
Муаммои зисти навинро кушод.

Шуд ин роҳи мо ибрати беназир
Ба озодихоҳони рӯи ҷаҳон.
Равон бо ҳамин раҳ ҷаҳони мунир,
Равон бо ҳамин раҳ ҳама дӯстон!

Касе ки дар ин раҳ қадам мезанад,
Бинои куҳан бар адам мезанад.

Ба рӯи гулу дар рухи барги он,
Ба ҳар хонаву кӯчаю мавҷи об,
Чунон ки дар оина, бинам аён
Зиёи ҳамин раҳ – раҳи офтоб.

Ин он офтоби абадҷилвагар,
Ки бар чашму дилҳо шуда нурпош.
Ин он офтобе, ки дар ҳар талош
Диҳад зӯру қувват барои зафар.

Бувад партия инчунин офтоб,
Ки аз нури он шуд Ватан комёб!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »