ОЙСУЛУВ
Ба Артисткаи Халқии РСС Қирғизистон Ойсулув Тоқомбоева
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.
Мавҷи дарёи Норин туӣ, ту,
Ки бирӯёнӣ гул дар биёбон.
Дар замини бафайзи диёрат
Шуд дурахшанда рӯи баҳорат.
Болу пар мезанӣ рӯи саҳна,
Меҳри дунёи нав дар канорат.
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.
Дар Душанбе туро мепарастанд,
Дар дили бовафо мепарастанд.
То шудӣ бо Малика дугона,
Баъди ин ҳар куҷо мепарастанд.
Тоҷику қирғиз – ин ду бародар,
Ҳарду фарзанди як хонаву дар.
Нораку Норини махзани нур
Шуд бино дар замини музаффар.
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.
Мавҷи дарёи Норин туӣ, ту,
Ки бирӯёнӣ гул дар биёбон.
Дар замини бафайзи диёрат
Шуд дурахшанда рӯи баҳорат.
Болу пар мезанӣ рӯи саҳна,
Меҳри дунёи нав дар канорат.
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.
Дар Душанбе туро мепарастанд,
Дар дили бовафо мепарастанд.
То шудӣ бо Малика дугона,
Баъди ин ҳар куҷо мепарастанд.
Тоҷику қирғиз – ин ду бародар,
Ҳарду фарзанди як хонаву дар.
Нораку Норини махзани нур
Шуд бино дар замини музаффар.
Ойсулу, Ойсулу, Ойсулувҷон,
Духтари номии Қирғизистон.