ДАР ДИЛАШ МАН ҲАМ БАҲОРАМ
Сарзаминам навбаҳор аст,
Дар дилаш ман ҳам баҳорам.
Одами даври навинам,
Ошиқи даврони корам!
Сарзаминам навбаҳор аст –
Навбаҳори беғубор аст!
Ҳар тараф роҳи сафед аст,
Ҳар тараф чашми умед аст.
Аз садоқат, аз ҷасорат
Ғуссаву ғам нопадид аст.
Ҳастии мо аз баҳор аст, –
Аз баҳори беғубор аст!
Ҳар саҳар аз ҳар канора
Мерасад оҳанги форам:
– Сарзаминам навбаҳор аст!
Дар дилаш ман ҳам баҳорам...
Дар Ватан чашми умед аст,
Роҳамон – роҳи сафед аст!