Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТАРОНАИ ДӮСТӢ



Қирғизистон, Қирғизистон, сарзамини номдор,
Тоҷикистон аз ту доим менамояд ифтихор.
Сӯи истиқбол роҳи халқи мову халқи ту
Бигзарад аз дашту водӣ, бигзарад аз кӯҳсор.

Аз баландии Алотов қуллаи Помир бубин,
Кӯли Иссиқ менамояд дар назарҳо нозанин.
Сарҳади боғу баҳори тоҷику қирғиз як аст,
Лек сарҳад нест байни меҳри поки дил яқин.

Ҳам Душанбе пойтахту ҳам Фрунзе пойтахт,
Ҳам ба тоҷик,
ҳам ба қирғиз дод Маскав тоҷу тахт.
Нур мепошад ба ҳарду шаҳр Ленини кабир,
Ҷовидонӣ бод фарзандони миллат некбахт.

Қирғизистон, Қирғизистон, эй диёри номдор,
Тоҷикистон аз ту доим менамояд ифтихор.
Сӯи истиқбол роҳи халқи мову халқи ту
Бигзарад аз дашту водӣ, бигзарад аз кӯҳсор.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »