ОҒОЗ
Пири равшандили ҷаҳондида,
Гармию сардии ҷаҳон дида,
Рӯзгори гузашта дониста,
Гирудори фузун тавониста,
Ашкаш аз рафтаҳо нишона бувад,
Хандааш хандаи замона бувад!
Чашмҳояш кунун ки камнуранд, –
Ёдгоре зи даври манфуранд.
Пири оламшиносу одамдон,
Пири одамшиносу оламдон,
Раҳ биёбед дар дилаш рӯзе,
Гӯяд он қиссаҳои фирӯзе...
Омадам ман ба деҳаи кӯҳистон,
Ки бигардам ба назди вай меҳмон.
Дар дилаш то ба меҳр раҳ ҷӯям,
Нақли ӯро ба дӯстон гӯям.
Унс бигрифта бо набераи вай –
Ман шудам дӯст бо абераи вай.
Чанд дар деҳа зиндагӣ кардам,
Меҳри ӯро ба сина парвардам.
Пири равшандили ҷаҳондида,
Гармию сардии ҷаҳон дида, –
Саргузашти зиёдро соҳиб,
Гуфт бар ман ҳикояҳои аҷиб.
Қувваи ҳофиза варо олист, –
Саду як сол умри андак нест!
Дар музофот номи Бобо Нор
Бо лақабҳош мешавад такрор.
Аз лақабҳои наздику ҳам дур
"Нор-урус" – ин зиёдатар машҳур.
Сабаби ин лақаб чу пурсидам,
Ашк дар чашмҳои ӯ дидам.
Фурсате бар хаёл рафта фурӯ,
Боиси ин лақаб ба ман гуфт ӯ.
Аз мулоқотҳои Бобо Нор –
Нақл бояд кунам ба аҳли диёр.