Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Хотираҳо -

КАМОЛ НАСРУЛЛО

Ба ёди Файзулло Ансорӣ

Сад ҳайфи ниҳоди хокии Ансорӣ,
Ҷонбахшиву синачокии Ансорӣ.
Дар саҳфаи назми миллати мо монад
Дар мазҳаби ишқ покии Ансорӣ.

ДАР ЗАБОНИ МИЛЛАТИ МАН ИШҚ ИН ПОКИЗАГИСТ

Ҳанӯз дар овони наврасиям аз сӯҳбатҳои падари бузургворам, ки яке аз омӯзгорони варзидаи диёр буданд номҳои Файзулло Ансорӣ, Қудратхон Ансориро шунида будам. Ба замми он дар замони наврасии мо дар деҳа қиссаҳои бадоҳатан шеъргӯии Ансорӣ вирди забони мардум буд. Масалан, дар бораи он ки Ансорӣ дар сари дастурхон дар сӯҳбат бо дӯстон гоҳе ба рӯи қутии сигор дубайтиҳо навиштаву худ фаромӯш мекарданд ва ин байтҳо баъдан вирди забонҳо мешуданд.
Ё қиссаи дар тӯйхона дар рафти тӯй бадоҳатан ғазал навиштани Ансорӣ ва сарояндаи номдори он  водӣ Усто Сироҷ филфавр онро ба оҳанг дароварда суруданашон дар ҳамон тӯй қисса мешуд. Матлаи он ғазал чунин буд.
Зи хоки пои ту бар дидаи худ тутиё кардам,
Барои дил фақат ишқи туро ман мубтало кардам.
Ин суруд баъдан дар иҷрои Усто Сироҷ хеле машҳур гардид ва то имрӯз аз Радиои тоҷик садо медиҳад.
Баъдан бо устод Ансорӣ дар пойтахт шинос шудем. Як инсони хеле хушодоб, хушмуомила нектинат ва шарафманд буданд Ансорӣ. Устод Ансорӣ ҳарчанд ба синни панҷоҳ надаромада тарки дунё карданд, як инсони пуршукӯҳ, калонсол, бузургвор ва хирадманд менамуданд. Мо аз синни устод Ансорӣ кайҳо гузаштем, аммо он  шаҳомату бузургие, ки он кас дар ҳамон солҳо доштанд, надорем. Дар назари ман чунин мерасад, ки мо ҳанӯз ба синни Ансорӣ нарасидаем. Яъне ки бузургии инсон на ба синну сол ифода меёбад. Бузургии инсон вобаста ба хирад, камолоти инсонӣ, дар рафтору донишу ҷаҳонбиниву суханвариҳои ӯ будааст. Аз ҳамон рӯзе, ки устод Файзулло Ансорӣ донистанд, ки банда писари муаллим Насрулло Усмонов ҳастем, ҳар боре, ки маро медиданд, пеш аз ман ба ман салом медоданд ва одоби эҳтиром ба ҷо меоварданд ва мани ҷавонро хеле дар хиҷолат мегузоштанд. Хиҷолати маро пай бурда фавран шарҳ медоданд: Шумо писари устоди бародари ман ҳастед. (устод Ансорӣ бародарашонро беҳад дӯст медоштанд ва ба он кас муҳаббату эҳтироми хеле баланд доштанд). Падари Шумо ба бародари ман дарс додаанд, аз ин рӯ устоди ман ҳам ҳастед. (яъне чун ман тарбияи бародарро гирифтаам) шумо, ки писари ҳамон шахси наҷиб ҳастед, мо шуморо ҳурмат мекунем.
Албатта дар ин замоне, ки кам касон ба қадри муаллим мерасанд, эҳтироми ӯро пос медоранд. Чунин рафтори Ансорӣ барои баъзеҳо шояд хандаовар ҳам тобад. Аммо ин рафтор аз самимияти баланд ва одоби бегазанди Ансорӣ дарак медод, ки шабеҳашро имрӯз оё метавон пайдо кард?!
Воқеаи дигареро, ки низ гувоҳи одоби баланд ва бузургии устод Ансорӣ аст ба ёд меорам. Ман як шоири навқаламу навмашқ будам ва дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба сифати ходими адабӣ  нав ба кор қабул гардидам.
Боре дар як базми арӯсии ҳамдиёрон иштирок доштам, ки косагули он базм шоири шодравони тоҷик Мастон Шералӣ буданд ва дар он базм устод Ансорӣ низ ҳузур доштанд. Устод Мастон барои табрики арӯсу домод чун намояндаи ҷавонон ба ман сухан доданд ва банда нӯшбоде шеъргуна гуфтаму нишастам. Дар поёни базм устод Ансорӣ, ки андаке ширакайф шуда буданд, бо ҳама як-як хайрухӯшкунон баромада рафтанд. Вақте аз назди мизи мо мегузаштанд, ба банда ҳам чизе гуфтанд, ки ҳанӯз ёдам нест чӣ гуфтанд, балки ман суханашонро нафаҳмидам, мисли ин ки ягон сухани насиҳатомезе буд. Барои ман боиси ифтихор буд, ки чунин адиби бузург ба мани навқалам таваҷҷӯҳе карданд.
Азбаски ман муҷаррад будаму ҷавон саҳар барвақт ба идора меомадам. Он рӯз ҳанӯз рӯзи корӣ оғоз наёфта ман дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар сари мизи корӣ, машғули навиштан будам. Ногаҳ дари идора маҳин-маҳин кӯфта шуд. -- Марҳамат дароед, – садо кардам ман.
Боз ҳам ду бори дигар дар маҳин-маҳин кӯфта шуд. Баъд нимроғ гардидаву аз роғи он сари устод Ансорӣ намоён гардид, ки ба ман муроҷиаткунон ба нармӣ мепурсиданд: -- Шуморо як дақиқа мумкин-мӣ?
-- Эҳ, Устод, марҳамат, марҳамат дароед, аз ҷо парида хестам ман.
-- Не, не! Агар имкон бошад як дақиқа бароед, - гуфтанд боз ба нармӣ.
Ман аз ин рафтори устод Ансорӣ дар ҳиҷолат  давида ба даҳлези идора баромадам, ҳарчанд дар дафтари кории мо он лаҳза касе набуд. Охир Ансорӣ куҷову ман куҷо?
Аммо устод Ансорӣ ба ман фурсати сухан надода, оғоз карданд: – Ман омадам, ки аз Шумо узр пурсам…
Ҳуш аз сари ман парид. – О, устод Шумо чӣ мегӯед? Оё мешавад, ки Шумо аз ман узр пурсед? Охир ҳеҷ гап нашудааст-ку?!
-- Не, не, дирӯз дар тӯи ман андаке сархуш будам ва ба шумо сухани нохуш гуфтам.
-- Не, устод! Ягон сухани нохуши шуморо ман нашунидаам. Баъд айб аст, ки шумо аз ман узр пурсед, хоҳиш мекунам маро дар хиҷолат нагузоред.
-- Не додар. Гап дар синну сол нест. Ман шуморо хафа кардам. Ман бояд узр пурсам…
Қисса кӯтоҳ, устод Ансорӣ маъзаратхоҳон баромада рафтанд ва ман лолу ҳайрон мондам.
Чунин хоксорӣ, чунин одоби баланд аз ҷониби шахсе, ки чандин зина аз ман боло меистад ва дар он замон метавонист,  аслан маро нодида бигирад, маро моту мабҳут карда буд. Оре, Ансорӣ ҳамин гуна  шахсияти дорои одоби баланди инсонӣ буданд, ки як умри кӯтоҳи пурбаракаташонро бо самимият, одоби баланд ва заҳматҳои пайваста сипарӣ намуданд. Аз як наврас узр пурсидани Ансорӣ, шахсе, ки қадри худро медонист ва  аслан ғуруру сарбаландии худро дошт ва ҳаргиз ба касе тамаллуқ наварзида буду пеши касе сар хам намекард, гувоҳи хиради бузурги ӯст.
Ҳамин вежагиҳои инсонии Ансорӣ дар эҷодиёти он кас низ таҷассум ёфтааст. Шеъри Ансорӣ шеъри Ансорӣ аст, ба шеъри шоири дигар шабоҳат надорад. Ӯ ба касе тақлид накардааст, бо тақозои дил, бо амри виҷдон навиштаст ва сабку забони тоза ва хосаи эҷодии худро доштааст.
Дар хусуси он ки шеъри Ансорӣ ба набзи зиндагӣ ҳамнабз аст; дар хусуси он ки ӯ бисёр ҳолатҳои зиндаи ҳаётро ба шеър ворид кардаву ба шеър ҷон бахшидааст; дар хусуси он ки ифтихори милливу, эҳсоси баланди ватандӯстиву шаҳрвандӣ, суннатҳои неку поки миллии мо ҳанӯз дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ  ва ҳамсолони ӯ ба шеъри тоҷикӣ ворид гардидаанд, метавон хеле сухан кард:

Аз дили Фирдавсии мо шуд баланд
Рустаму Сӯҳроб фарзандони халқ,
Коваи оҳангари бас арҷманд
Он ҳама буданд чун виҷдони халқ.

Оре! Файзулло Ансорӣ яке аз шоирони навовари замони худ буд ва дар рушди шеъри навини тоҷик саҳми худро гузошт.
Ансорӣ дар шеъри худ зиндагии поку ҳалолу самимии инсониро тарғиб мекард. Шеъри ӯ ба хонанда адаб ва покройӣ меомӯхт ва дар баробари ин эҳсосоти баланди ватанпарвариро бедор месохт.

Ватанам, душман агар сӯи ту бардорад даст,
Санг ин ҳайкали ту сурати одам гардад.

Барои шеъри он замон ҳайкали Ватан будани санг ва ба сурати одам бадал шудани он аз сари нанги ватандорӣ бозёфтҳои навини шоиронае буданд, ки шеъри моро ба сӯи ҳунар мекашониданд. Имрӯз вақте мо аз шеърият дар шеър, аз ҳунар дар шеър, аз хидматҳои адибоне, ки шеъри моро аз умумигӯиҳои ношоирона берун овардаанд, сухан мегӯем, набояд номи Файзулло Ансориро аз ёд барем бубинед ҳанӯз дар он замон ӯ бо истифода аз санъатҳои шеърӣ чӣ гуна маънии баландро дар ин мисраъҳои равону фаҳмо ба тасвири шоирона додааст, ки он  тасвирҳо барои он замон тозаву бозёфти шоирона буданд:

Дар бари кӯҳ чун муҳаббати соф,
Ки дар оғӯши дил шавад ҷогир,
Ҷой бигрифтааст деҳаи ман
Деҳаи хурдаки назарногир.

Осмонаш гумон куни бомест,
Кӯҳҳояш сутун барои он,
Моҳ дар шаб чароғи давра магар,
Ки ба сақфаш шудаст овезон.

Ҳалқаи кӯҳҳои пасту баланд
Посбонони маъдани боянд,
Гуӣ онҳо намуда даст ба даст
Маҳзани ганҷи халқ мепоянд.

Гарчи имрӯзҳо барои ман
Шаҳр оғӯши гарм бикшодаст,
Лек гаҳвораи ҷавонии умр
Деҳаи ман ҳамеша дар ёд аст.

Саҳми Файзулло Ансорӣ дар бунёду рушди драматургияи  тоҷик низ хеле бузург аст. Намоишномаҳои Ансорӣ падидаҳои тоза дар ҳунару санъати тоҷик буданд. Ӯ ба драматургияи тоҷик оҳанги замонавӣ дод. Намоишномаҳои ӯ дарозумртарин асарҳо дар саҳнаҳои театрҳои кишвар гардиданд. Устод Ансориро асосгузори драмаи манзум дар Тоҷикистон меҳисобанд. Намоишномаҳои ӯ «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар», «Модар нигарон буд» ва ғайраҳо бо иштироки беҳтарин ҳунармандони театри тоҷик байни тамошобинон маҳбубияти баланд пайдо карданд.
Нависандаи маъруф ва ходими сиёсии он даврон Холмурод Шарифов натиҷаи сафари ҳунарии театри Лоҳутиро ба Афғонистон аз забони устод Сотим Улуғзода чунин баҳогузорӣ карданд:
Намоишномаи Файзулло Ансорӣ «Ҳукми модар» аз ҷониби тамошобинони Афғонистон хеле гарм истиқбол гардид. Дар намоишҳои он толори театр ҳамеша серодам буд. Иштиёқмандони зиёд тикет (билет)  ёфта натавониста бо ҳасрат аз назди театри Кобул Нандор бармегаштанд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта масъулини афғонӣ намоишномаи Ансориро ба лентаи радио сабт намуда онро борҳо ба мардуми Афғонистон шунавониданд.
Ва чуноне, ки дар сӯҳбат бо рӯзноманигори варзида Карим Мӯсо ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева низ тасдиқ мекунад намоишномаҳои Файзулло Ансорӣ дар Тоҷикистон низ ҳамеша маҳбубияти баланд доштанд. Ӯ мегӯяд: «То ҳол ман ёд надорам, ки дар ягон намоиши театр мисли он намоишномаҳои Ансорӣ мардуми зиёде ба тамошо омада бошанд. Дар намоишномаҳои  устод Ансорӣ мардум чипта намеёфтанд. Мо дар ҳайрат будем.
Вақте устод Ансорӣ намоишномаи «Имтиҳон»-ро навиштанд хеле ҷавон, ҳамагӣ 26 сол доштанд. Дар тӯли умри кӯтоҳи худ 13 китоби шеъру достон, 10 песаи манзуму мансур тарҷумаҳои зиёде ба ёдгор гузоштанд.
Ҳамкории Ансорӣ бо оҳангсозони машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммедов ва дигарон сурудҳоеро ба бор овард, ки то имрӯз дар иҷрои чунин сарояндаҳои номдор чун Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон садо медиҳанд ва ба хазинаи тиллоии санъати тоҷик ворид гардидаанд.
Кам мешавад, ки  шоириву инсонӣ дар як симо тавъаму дурахшон ба зуҳур ояд. Файзулло Ансорӣ шоир ва инсони ростқавл, самимӣ, поквиҷдон, ватандӯст, инсонпарвар ва сарбаланду содадил буданд, ки худованди карим он касро Ансорӣ, яъне суханвар ба олам овард. Ва Ансорӣ ба қадри ин неъмати худо бирасид ва  истеъдоди худро дар ҷодаи ростиву накӯкорӣ хайрхоҳӣ ҷонисорона ба масраф дод.
Маънии Ансорӣ ба ғайр аз суханвар будан низ маънои уқоб ва мададу зафарро дорад. Воқеан Ансорӣ чун уқоби осмони сухан ҳангоми парвоз дар само ҷон дод. Ҷуноне устод Лоиқ гуфта буданд: «монанди уқоб дар само бояд мурд» ва сухани ӯ низ дар роҳи мададгорӣ ба мардум музаффар аст.
Агар мо хоҳем ҳаёту эҷодиёти устод Ансориро дар як байти худи ӯ инъикос кунем, он байт чунин аст:

Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист,
Ҳар кас ин маъно нафаҳманд одами покиз  а нест.
Ва банда низ дар ёдбуди ин инсони шариф гуфта будам:
Сад ҳайфи ниҳоди хокии Ансорӣ,
Ҷонбахшию синачокии Ансорӣ,
Дар саҳфаи назми миллати мо монад
Дар мазҳаби ишқ покии Ансорӣ.

ШИРУ ШАКАР

Хабар доданд, ки Госкомиздати СССР дар шаҳри Тошканд машварати муассисаҳои китобдорӣ: палатаи китобҳо, бибколлектор, китобхонаҳоро мегузаронад. Аз ҷониби Госкомиздати РСС Тоҷикистон маро сардори ҳайат таъин карданд. Моҳи декабри соли 1979 буд. Ба ин  машварат шавқманди рафтан набудам. Машварати тамоман техникӣ ва соҳавӣ буд. Рақамгузории китобҳо, китобхона, нигаҳдории онҳо дар хазинаҳо ва ғайра. Аз сарредаксия ҳам касе ҳавасманд набуд. Ду-се рӯз буд, ки гапи ҳамин машварату сафари ман ба Тошканд мерафт. Файзулло Ансорӣ пеш аз сафарам шеъреро бо номи «Ширу шакар» ба дастам доданд. Онро хондам:

Марҳамат бар хонаи дил, ёри доно, гуфтамат,
Аз табассумҳои ту дар сина ғавғо гуфтамат.
Сузларинг ишқу вафодин бӯлса, офат кӯрмагил,
Меҳри дил шуд аз нигоҳи ту ҳувайдо, гуфтамат.
Кӯзларинг олдида юлдузлар хиҷолат чекдилар,
Чашми ту оинаи рӯзи гуворо, гуфтамат.
Лолалар гулдаста булсин илтифотинг олдида,
Пойандози раҳи ту боғи гулҳо гуфтамат.
Ӯзбекистон гуллариға Тоҷикистондан салом,
Дӯстии ин ду миллат ҳаст барҷо, гуфтамат.
Аз табассумҳои ту бар сина савдо омада,
Марҳамат бар хонаи дил, кӯзи шаҳло, гуфтамат.

Шеър маро ба ваҷд овард. Фикр мекардам, ки Файзулло Ансорӣ забони ӯзбекиро намедонад. Дар ин шеър мисраъҳо ва ибораҳое буданд, ки бе донистани нозукиҳои забони ӯзбекӣ онҳоро дар шеър ҷой додан мушкил аст. Гуфтам:
− Муаллим, шумо забони ӯзбекиро  ҳам медонед?
− Ҳамсояем, надонистани забони ӯзбекӣ айб аст. Бобоям ва падарам забони ӯзбекиро медонистанд.
Ин шеърро ман бо худ бурдам. Дар чанд сӯҳбат ба дӯстони ӯзбек хондам. Яке аз дӯстонам, ки Ҳоҷимурод Қулдошев ном дошт ва дар Афғонистон якҷоя кор мекардем, мухбири радиои тоҷикии Ӯзбекистон буд. Аз ман хоҳиш кард, ки дар хусуси машварат понздаҳ дақиқа сухан гӯям. Дар охири баромадам ин шеърро хондам.



МУНДАРИҶА | Идома »